КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Убайдуллоева Фирӯза

  

Шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва истеҳсолоти МДТ «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат»

Таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пеш аз дипломии донишҷӯён қисмати тайёркунии мутахассисони баландихтисос мебошад, ки минбаъд дар мақомоти омори давлатӣ, корхонаву муассисаҳои молиявии ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Таҷрибаомӯзиҳои мазкур мақсади хос доранд, ки мустаҳкамгардонии донишҳои назариявии дар коллеҷ гирифтаи донишҷӯро дар асоси омӯзиши фаъолияти амалӣ дар бар мегирад. Тибқи Стандарти давлатии таҳсилот, дар муассисаҳои миёнаи касбӣ гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ҳамчун талаботи зарурӣ ва ҳатмӣ боқӣ мондааст. Аз ин хотир, таъмини донишҷӯён бо барномаи таҷрибаомӯзӣ ва маслиҳатҳои судманд оид ба баргузории он гарави самаранок ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ мебошад.

Тибқи фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2453 аз 07 октябри соли 2010 дар муассисаҳо гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ҳамкории тарафайнро тақозо менамояд, бинобар ин, Коллеҷи омор шартномаи тарафайнро бо Раёсати Агентии омори назди Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат то соли 2030, Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат ва дигар шаҳру ноҳияҳо,МТМУ дар шаҳри Ваҳдат ва дигар шаҳру ноҳияҳо, Раёсати молия дар шаҳри Ваҳдат, БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳо, ҶСП ТАҚҲ «Ҳумо» дар шаҳру ноҳияҳо, ФМТКТ дар шаҳри Ваҳдат,Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ш. Ваҳдат,ФҶСК «Бонки Эсхата»,Ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ваҳдат ва дигар шаҳру ноҳияҳо,ҶСК «Бонки Арванд», ФҶСК «Бонки Спитамен», МДТ «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат» ва дигар корхонаҳову муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, МХБИ «АБМХ» дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар муассисаву идораҳои давлатию ғайридавлатӣ ба тасвиб расонидааст, ки тибқи он, донишҷӯён имкон доранд дар он ҷо бо таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ фаро гирифта шаванд. Ин шартномаҳо ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Раёсати Агентии омор, корхонаҳои дар боло зикршуда ва коллеҷи омор оид ба масъалаи ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзиро ба расмият медарорад.

Дар барномаҳо ба таври муфассал роҷеъ ба ташкил ва тартиби гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, мақсад, вазифа ва мазмуни таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, инчунин барасмиятдарории маводи ҳисобот маълумот дода мешавад. Истифодаи барномаи таҷрибаомӯзӣ имкон медиҳад, ки донишҷӯён нақшаҳои инфиродиро мувофиқи он иҷро карда, ҳисоботро доир ба таҷрибаомӯзӣ дар муҳлати муқарраршуда омода намуда, барои ҳимоя пешниҳод созанд. Барнома мувофиқи талаботи таълимию методӣ ва бо назардошти хусусиятҳои низоми таҳсилоти кредитӣ ва муқаррарӣ таҳия гардидааст.

Фируза Убайдуллоева 23 марти соли 1978 дар шаҳри Ордҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат), дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ маълумоти аввалинро дар мактаби миёнаи №3-и ба номи В.В. Терешковаи зодгоҳаш гирифта, Донишгоҳи Давлатии ба номи В.И. Ленинро бо тахассуси «Иқтисодчӣ» хатм намудааст.

Мавсуф фаъолияти кории худро ба ҳайси омӯзгори фанни математика дар синфҳои 5-9 аз мактаби №3-и шаҳри Ваҳдат оғоз намуда, ҳамзамон ҳамчун сармуҳосиби мактаби миёнаи №41 (аз соли 2007-2010), мактаби №22 (аз соли 2010-2012), МҶБТИ «Тангаӣ»-и шаҳри Ваҳдат (аз соли 2012 то соли 2015) шуда, дар муассисаҳои дар боло зикргардида ба тариқи шарномавӣ фаъолияти кории худро идома додааст. Аз соли 2006 то ҳоло дар Техникуми омори шаҳри Ваҳдат (ҳозира Коллеҷи омор) ба ҳайси омӯзгори фанҳои иқтисодӣ ва дар вазифаҳои мухталиф адои вазифа намуда, барои нишон додани фаъолияти хубу намунавӣ дар корҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ду маротиба бо Сипосномаи Раиси шаҳри Ваҳдат, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.

Номбурда, иловатан Унвонҷӯйи Институти иқтисодӣ ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар атрофи мавзӯйи «Госсударственное регулирование социальной защиты населения» тадқиқотҳои илмиро ҳамроҳи роҳбари илмиаш профессор Умаров Ҳоҷимуҳаммад бурда истодааст.

Убайдуллоева Ф. оиладор буда, соҳиби се фарзанд мебошад.