КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Қисми тарбия

Қонуни ҷуумҳурии тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Суханронии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон оид ба лоиҳаи Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки 14 декабри соли 2010 шуда гузаштабуд. Ин дар саросари кишварамон тамоми халҚи ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ин лоиҳа фикру мулоҳизаҳои худашонро пешниҳод мекарданд. Алалхусус Коллеҷи омор оиди ин лоиҳа аз тамоми донишҷуён фикрҳои падару модарашонро хатти ҷамъ карда будем, ки ин Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд зарур ва ҳахмист. Қонуни мазкур 2-августи соли 2011 №762 Қабул карда шуда аз 6-боб ва 17 модда иборат мебошад. Дар коллеҷи омор оиди Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 02.08.2011 таҳти №762 барои соли таҳсили 2015-2016 наҚша чорабини ташкил карда шудааст, ки аз рӯи он кор ва фаъолият бурда истодаем. Дар Коллеҷи Омор бо шиору овезаҳо оро додани дохили бино, кабинетҳои дарси оиди Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба роҳ монда шудааст. Омӯзиши ин Қонуни мазкур дар байни омӯзгорон, донишҷуён ва падару модарон, доир намудани вохуриҳо бо падару модарони серфарзанд, даъват намудани ҷаласаҳои падару модарон бо иштироки маъмурият, бо роҳҳои фаҳмондадиҳи ҷалб намудани падару модарон ба коллеҷ, ҳамаруза ва ҳамаваҚта кор бурда истодаем. МаҚсади Қонуни мазкур дар пурзур намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуҚуҚу манфиатҳои фарзанд мебошад. Интихоби раиси шурои падару модарони коллеҷ аз сафи падару модарони фаъол, таъсис додани шурои падару модарони коллеҷ ва мунтазам гузаронидани вохуриҳо ва ҳамкории падару модарон бо омӯзгорон дар раванди тарбия баҳри инкишофи шахсият, истеъдод, малака ва Қобилияти фикрию ҷисмонии ҷавонон на?з ба роҳ монда шудааст. Аз тарафи маъмурияти коллеҷи омор ба инобат гирифтани донишҷуёни бепарастор, ба онҳо расонидани ёрии моддӣ, пурзур кардани ҳамкории маъмурият ва роҳбарони гурӯҳҳо бо падару модарони донишҷуён. Бурдани корҳҳои фаҳмондадиҳи оиди уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон корҳои фаҳмондадиҳи оиди тамошои филмҳои хусусиятҳои зуровари ва терористи дошта, тамошои театр дар Қасри фарҳанг оиди тарбияи донишҷӯён, дар Коллеҷи омор манъ намудани истифодаи телефонҳои мобилӣ, мошинҳои шахсӣ дар байни донишҷуён рейди муштарак аз тарафи роҳбари тарбия ва деканҳои факултаҳо корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шудаистодааст, вусъат додани ҳамкориҳои муассисаи таълими бо маҚомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлати, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чандин вохуриҳо гузаронида шуд. ҳамкории коллеҷи омор бо рӯзномаю маҷалаҳои ҷумҳури, рӯзномаи “Шаҳриёр” ва садои симо ҳамкори зич доранд, Масалан аз тарафи омӯзгорон дар ҳафтаномаи шаҳриёри ш.Ваҳдат бо маҚолаҳои “Гавҳораҷумбони зиндагӣ” дар васфи модарон “Дастурнамои пешрафт” оиди паёми ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалии Раҳмон, “Молия асоси рӯзгори осуда”, “Мазҳари эътиҚоди имон”, “Он гаҳе ганҷур муш омор кард”, “ҳуҚуҚ ва озодиҳои фарҳангӣ”, “Орзӯҳои падар” ва “Интихоби ихтисосҳои замонавӣ” маҚолаву рӯзномаҳо ба чоп расидааст. Дар коллеҷи омор дар моҳе 1-маротиба аз тарафи мудирони кафедра машварат-семинарҳо дар байни донишҷуён дар хобгоҳ мегузаронанд, масъалан: дар мавзӯҳои: “Мо зиди ифротгарои ва терроризм, насли наврас ояндаи миллат. Зарари касалиҳои сирояти ба молияи буҷети давлат (оила). ҷавонони ифроти бадбахти меоранд. МаҚсади ин чорабиниҳо ба роҳи маърифатнокӣ, ахлоҚи хуб, тарбияи дуруст ва хислатҳои хуби инсониро мефаҳмонанд. Доир намудани суҳбатҳо бо донишҷуён оиди пешгирии корҳои номатлуб ташкили вохуриҳо бо оилаҳои беҳтарин ва бо шоирону адибони диёрамон мунтазам гузаронида истодаем. Гузаронидани ҷамъомади умуми дар байни духтарон оид ба масъалаи худкушӣ ва хусумат нисбати духтарон дар оила баромад намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни падару модарон ва омӯзгорону коргарон ҷонок намуда таъкид мекунем. Тарбия: ин - раванди маҚсадноки ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустаъҚилона омода намудани ӯ мебошад. Китоби муҚаддасоти “Қуръон” аз 6636 оят иборат аст, ки 5000 тоаш дар бораи тарбия мебошад. Вазифаи падару модар дар ҳолати муҳасилин будани фарзандонаш дар раванди таълиму тарбия назорат карда, ба омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарони муассисаи таълими оид ба таълиму тарбияи фарзанд дар муассисаи таълимӣ зери назорат гирифта шавад. Дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактаби ба даъвати маъмурият тибҚи талаботи оинномаи муассисаи таълими ва дигар санадҳои меъёри ҳуҚуҚӣ иштирок намоянд. Агар суол ба миён ояд, ки Қонунҳои тиллои кадомҳоянд гуфтан лозим меояд, ки Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Мо чун ҳарваҚта ҳамарӯза таваҷҷуҳи мушаххасро ба донишҷӯёни Коллеҷ медиҳем. Аммо донишҷӯёни душвортарбияе дар Коллеҷи мо ҳастанд, ки Қоидаи риояи донишҷӯиро риоя наменамоянд. Корҳои тарбиявӣ як иҚдоми некро пеш гирифт, ки донишҷӯё, ки бе ашёи мактабӣ, бе саралибоси лозимӣ, бо риши баланд, бо пушидани либосҳои ?айри расмӣ ба Коллеҷ ворид мегарданд, баёнотҳои онҳоро ҷамъ меоваранд.

ҲАМКОРИҲО