Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат соли 1958 бо қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон дар заминаи Техникуми омор ва молия – кредитии шаҳри Сталинобод ҳамчун Техникуми омори шаҳри Орҷоникидзеобод таъсис дода шудааст. Аз он давра то 2 ноябри соли 2012 муассиса бинобар сабаби иваз шудани номи шаҳр номҳои Техникуми омори шаҳри Орҷоникидзеобод, Техникуми омори шаҳри Кофарниҳон, Техникуми омори шаҳри Ваҳдатро гирифтааст.
Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат аз 2 ноябри соли 2012 дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ таҳти № 630 дар заминаи Техникуми омори шаҳри Ваҳдат таъсис ёфта, ба сифати муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мекунад.
Дар Коллеҷи омор донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона) бо низоми кредитӣ таҳсил мекунанд.
Шумораи донишҷӯён 1300 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 400 нафарашон духтарон мебошанд.
Ҳамчунин, дар муассиса шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсей) низ амал менамояд, ки дар он зиёда аз 150 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Таҳсили донишҷӯён дар муассиса дар шакли буҷавӣ (ройгон) ва шартномавӣ (пулакӣ) ба роҳ монда мешавад.
Коллеҷ дорои хобгоҳ буда, ба донишҷӯёне, ки аз дигар ноҳияҳо таҳсил мекунанд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар коллеҷ донишҷӯён зиёда аз 26 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Коллеҷ дорои 34 синфхонаи таълимӣ, 2 лабораторияи компютерӣ, як китобхонаи электронӣ пайваст бо шабакаи Интернет мебошад. Инчунин, дар коллеҷ майдончаи варзишӣ, ошхона ва дигар шароитҳои ба талаботи муосири таҳсилот ҷавобгӯ мавҷуд аст.
Дар Коллеҷи омор ду факултет, шаш кафедра аз рӯи 12- ихтисос мутахассисонро омода менамояд.