
Маълумоти умумӣ
Шуъбаи таълими Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат воҳиди сохтории коллеҷ буда, дар банақшагирӣ, ташкил ва назорат аз болои раванди таълим дар муассиса ва фанҳои таълимии муайянкардаи стандарти давлатии таҳсилотро аз рӯйи ихтисосҳо роҳбарӣ мекунад.
Дар фаъолияти шуъбаи таълим қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва супоришҳои директори коллеҷ, қарорҳои Шӯрои олимони муассиса ва низомномаи шуъбаро роҳнамоӣ мекунад.
Натиҷаҳои фаъолияти таълимии факултетҳо, кафедраҳо, натиҷаҳои дарсазхудкунӣ, чораҳо оид ба баландшавии сифати таҳсилот, назорати нақшавӣ ва берун аз нақшавии дарсазхудкунӣ, салоҳияти бадастомада дар Шӯрои илмӣ-методии коллеҷ, Шӯрои методии факултетҳо муҳокима карда мешавад.
Навовариҳо дар таълим ҷиҳатҳои гузаронидан ва такмил додани раванди таълим, ҷорӣ намудани системаи нави таълим, технологияҳои омӯзишӣ, истифодаи системаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии шаклҳои назорати дониш дар ҷараёни таълим, мониторинг ва таҳлили дарсазхудкунӣ, инчунин ахборотҳои таълимӣ ва маълумотҳои оморро дар бар мегирад. Имкониятҳои инкишофёбии технология дар раванди таълим васеъ мегардад.
Шуъбаи таълим вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо роҳбари муассиса, қисмҳои сохторӣ (шуъбаҳо, деканатҳо, кафедраҳо) ва дигар муассисаҳою ташкилотҳо ба манфиати муассиса ҳал менамояд.
Шуъбаи таълим сохтори асосии коллеҷ буда, назорат ва мутобиқшавии раванди таълим ва фаъолияти таълими-методиро ба роҳ мемонад.
Намудҳои асосии чорабиниҳои таълимӣ дар коллеҷ ба роҳ мондани лексияҳо бо истифода аз дастгоҳҳои аудио-видеоӣ, машғулиятҳои амалӣ, семинарӣ, дарсҳои лабораторӣ ба ҳисоб меравад.
Дар 5 соли охир дар раванди таълим барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва лабораторӣ, семинарҳо, имтиҳонҳо инчунин дарсҳои компютерӣ асбобҳои аёнии таълим, технологияҳои замонавии компютерӣ васеъ истифода бурда мешавад.
Зоиров Файзали Назаралиевич, 05.02.1985 дар деҳаи Чанорои н. Файзобод дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Соли 1992- ум ба МТМУ-и №23-и деҳаи Чаноро рафта, соли 2003 мактаби зикршударо хатм намуд. Худи ҳамон сол ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо ихтисоси иқтисодчӣ дар КАС дохил шуда, соли 2008-ум донишгоҳи мазкурро бомуваффақият хатм намуд. Соли 2008-ум ба ҳайси ассистенти кафедраи “Менеҷмент ва соҳибкорӣ”-и Донишгоҳи аграри Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолияти кориашро оѓоз намуд. Аз соли 2014, ба Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба кор даъват гардида, дар вазифаи сардори шуъбаи таълими муассиса ва аз 02.01.2019 то ҳол ба ҳайси муовини директор оид ба таълим адои вазифа намуда истодааст. Дорандаи Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Сипосномаи кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошад.