КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Хобгоҳи коллеч

Бинои хобгоҳ дар шафати бинои таълимии коллеҷ ҷойгир аст. Дар хобгоҳ тамоми шароитҳо барои донишҷуён муҳайё карда шудааст. Хобгоҳ аз 8 ҳуҷра иборат буда, дорои 48 кати хоб мебошад. Дар хобгоҳ 2 ошхона, 2 ҳуҷраи либосивазкуни ва 2 ташноб мавҷуд аст. Донишҷуёне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд, аз китобхонаи коллеҷ, толори хониш ва китобхонаи электрони васеъ истифода мебаранд. Бо роҳбарии мураббии коллеҷ, донишҷуён мунтазам дар маҳфилҳои илмиву адабии коллеҷ ва марказҳои маданию фарҳангии шаҳр иштирок мекунанд.

Барои тамрини бадану машҷҳои варзиши дар хобгоҳ майдончаи варзиши мавҷуд аст, ки донишҷуён пайваста бо бозиҳои волейболу баскетбол. футбол ва дигар намудҳои варзиш шуғл меварзанд.

Имсол дар нақша аст, ки то соли нави таҳсил 9 ҳуҷраи дигар барои 52 нафар донишҷу ба истифода дода хоҳад шуд.

ҲАМКОРИҲО