Ҷалолов Бахтиёр Фатҳиддинович 11-уми апрели соли 1987 дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов-и ноҳияи Кофарниҳон, (ҳозира Ваҳдат) дар оилаи коргар ба дунё омадааст.
Соли 1994 ба синфи якум ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ба номи Исмоили Зариф-и деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов-и ноҳияи Кофарниҳон рафта, то синфи 11 таҳсил намуда, ин муассисаи таълимиро бо муваффақият ва рафтори намунавӣ хатм намудааст.
Соли 2005 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ба ихтисоси «Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» ба шӯъбаи рӯзона супурда, соли 2010 донишгоҳи мазкурро бо тахассуси «муҳандис-систематехник» хатм намудааст.
Маркази бақайдгирӣ ва машваратии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи низоми кредитии таҳсилот», «Низомномаи намунавии маркази бақайдгирӣ ва машварати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи коллеҷ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонад.
Шуъбаи мазкур ҳамчун воҳиди сохтории коллеҷ фаъолияти донишҷӯёнро дар давраи таҳсил ба қайд гирифта, ташкили ҳамаи намудҳои натиҷаҳои донишандӯзӣ ва муайян кардани рейтинги академии донишҷӯро назорат менамояд. Ба зиммаи шуъбаи бақайдгирӣ ва машварат асосан вазифаҳои зерин гузошта шудааст:
-омода намудани намунаҳо (шаклҳо)-и гуногуни ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои бақайдгирии донишҷӯён ва омӯзгорон мувофиқи нақшаҳои корӣ ва фардии таълим;
-ташкили бақайдгирии ҳамасола ва рамзгузории донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ, инчунин омӯзгорони дарсдиҳанда бо кӯмаки эдвайзерони факулта;
-таҳия ва назорати риояи тақвими академии омӯзгор ва донишҷӯ;
-пешниҳоди машварат ба донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷ доир ба татбиқи низоми кредитии таҳсилот, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳое, ки вобаста ба фаъолияти донишҷӯён ва омӯзгорон алоқаманд мебошад;
-ташкил ва назорати татбиқи низоми холгузории ҳафтаинаи фосилаҳо (рейтинги 1 ва 2), санҷишҳои фосилавию имтиҳони ҷамъбастӣ;
-ҷамъбасти натиҷаҳои фосилаҳо (рейтинги 1 ва 2) ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ, муайян намудани рейтинги донишҷӯён ва пешниҳоди онҳо ба садорати факултетҳо;
-ҷамъбасти ҳар як даври академӣ (семестр) ва муайян намудани холи миёна (GPA)-и соҳибгаштаи ҳар як донишҷӯ, инчунин мувофиқати он ба меъёри муқарраршуда;
-ба садорати факултетҳо ва раёсати таълим барои таҳлил ва арзёбӣ пешниҳод намудани рӯйхати донишҷӯёне, ки аз фанҳои алоҳида баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд ё холи миёнаи умумӣ (GPA)-и онҳо аз меъёри муқарраршуда паст мебошад;
-тартибдиҳӣ ва ба расмият даровардани маълумотномаҳои академӣ (транскрипт барои ҳар як даври академӣ ва замимаи диплом баъди хатм) барои ҳар як донишҷӯ;
-якҷо бо садорати факултаҳо таҳия намудани лоиҳаи фармоиш ҷиҳати аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯён дар асоси натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ ва сатҳи холи миёнаи умумӣ (GPA)-и онҳо.