КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  

ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи виедо

Омор ва ҳисобдорӣ

Иҷрокунандаи мудири кафедраи «Омор ва ҳисобдорӣ»-и Колле ҷи омори ш. Ва ҳдат Сафаров Исматулло Гулматович

Кафедраи «Омор ва ҳисобдорӣ» соли 2013 таъсис ёфтааст. Дар кафедраи мазкур 13 нафар омӯзгорони касбӣ ва ботаҷриба кору фаъолият доранд. Аз инҳо 5 нафар дараҷаи тахассуси олӣ, 1 нафар тахассуси якум ва дигарон аз рӯйи тахассуси умумӣ ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Кафедра яке аз кафедраҳои ҷавон ва поягии муассисаи таълимӣ маҳсуб ёфта, бештари фанҳои тахассусӣ аз қабили, Омор, Назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ, Назарияи умумии омор, Назорат ва тафтишот, Коргузории истеҳсолӣ, Омори кишоварзӣ, Омори саноат, Стандартҳои байналмилалии ҳисобдорӣ, Баҳисобгирии муҳосибӣ – идоравӣ, Таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ баҳри тайёр намудани мутахассисони ҷавон омӯзонида мешаванд

Дар кафедра омӯзгорони пуртаҷриба Саъдуллоев Достӣ, Абдуллоев Абдураҳмон, Донаев Бурихон ва Убайдуллоева Фируза ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯҳои илмӣ ва навоварӣ буда, ба омӯзгорони ҷавон-Мирзоев Саъдӣ, Шамсуллозода Замира, Ниёзова Мавзуна, Ятимов Аҳмадҷон, Ализода Тоҳир ва қурбонзода Фирӯз ёриҳои методӣ ва илмиро дареѓ намедоранд