КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Озмуни байнидаставӣ боташаббуси кафедраи Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Озмуни байнидаставӣ Дар санаи 23.02.2021 боташаббуси кафедраи Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт байни гуруҳҳои бахши 3-юми ихтисосҳои 2-400101 «Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ» ва 2-40010135 «Таъминоти барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ», дар заминаи синфи 9 озмуни байнидаставӣ гузаронида шуд. Дар асоси иҷрои бандҳои барномаи озмун аз тарафи ҳайати ҳакамон холгузорӣ карда шуд, ки дар натиҷа дастаи 2-40010135 бо ҳисоби 33 хол бар 27 хол бар дастаи 2-400101 ғолиб дониста шуд. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин озмунҳо ин баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён дар робита ба амалишавии 20 солаи “Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ба ҳисоб рафта, марҳилаҳои дигари чунин чорабиниҳо идома хоҳад ёфт.