Дар пешорӯйи ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти баландмартабаи фарҳангии байналмилалии ЮНЕСКО дар саросари ҷаҳон бузургдошти 700-умин солгарди шоир Камоли Хуҷандӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳамин лиҳоз, дар санаи 30-юми октябри соли 2020, дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат маҳфили адабӣ, бахшида ба 700- солагии шоири ширинкалом Шайх Камоли Хуҷандӣ зери унвони “Камоли Хуҷандӣ – ахтари рахшони адаб” баргузор гардид. Маҳфил аз тарафи омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷики кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”- и коллеҷи номбурда гузаронида шуд. Дар маҳфил донишҷӯёни бахшҳои якум ва дуюм иштирок карда, аз ҳаёт ва фаъолияти шоир маълумот доданд. Инчунин бо қироати шеъру ғазалҳо, суруд ва рақс табъи ҳакамонро болида намуданд.
Бояд қайд кард, ки Камоли Хуҷандӣ яке аз бузургтарин шоирони қарни XIV-и халқи тоҷик буда, дар таърихи шеъри форсу тоҷикӣ бо ғазалҳои рангину диловезаш мақому мартабаи хсеро ишғол кардааст.