КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Молия, андоз ва кори бонкӣ

Кафедра соли 2013 таъсис ёютааст ва дар факултети “Молия, бонк ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёт” арзи вуҷуд дорад. Кафедра аз рӯи се ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Айни ҳол вазифаи мудири кафедраи мазкурро Қурбонзода Фирузҷони Хушвахталӣ 26- декабри соли 1991 дар ноҳияи Кофарниҳон (ҳозира шаҳри Ваҳдат) дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадаст. Соли 1997 ба мактаби таҳсилоти миёнаи рақами №13 ба синфи якум рафта, соли 2009 мактаби миёнаи деҳотро бо мувафақият хатм намуд. Худи ҳамон сол ба Донишгоҳи Давлатии тиҷоратӣ Тоҷикистон (ДДТТ) дохил шуда соли 2013 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси “Баҳисобгирии муҳосибӣ таҳлил ва аудит” хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнати худро худи ҳамон сол двр ДДТТ ба ҳайси ассистенти кафедраи “Кори бонкӣ” оғоз намудааст. Соли 2014 ба коллеҷи омори ш. Ваҳдат ба сифати омӯзгори кафедраи “Омор ва ҳисобдорӣ” фаъолияти худро давом додааст. Айни ҳол вазифаи мудири кафедра молия, андоз ва кори бонкиро ба ӯҳда дорад. Оиладор соҳиби 1- фарзанд.

Дар кафедра 6- омӯзгор, ки аз он 3- омӯзгори калон 3 ассистент фаъолият менамояд.

Ихтисосҳои кафедра

2-250132 – “Кори бонкӣ”

2-250131- “Молия”

2-25013102- “Андоз ва андозбандӣ”

Хатмкунандагони ихтисоси кафедра кафедра метавонанд дар Бонкҳо ташкилотҳои қарзии хурд, Нозироти андоз, Раёсати молия ва дигар сохторҳои давлатӣ, ғайри давлатӣ ба ҳайси иқтисодчӣ фаъолият намоянд.

Омӯзгорони кафедра бо призинтатсияҳо, адабиётҳо, лексияҳо, нақша ва барномаҳои корӣ, силабусҳо, айёниятҳо ва синфхонаҳои фанни таъмин мебошанд. Кафедраи молия андоз ва кори бонкӣ аз имкониятҳо ва комёбиҳо истифода бурда дар ҷашнҳои Истиқлолиятӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами, Наврӯзи аҷам, рӯзи забон ва дигар иду ҷашнҳо фаъолона ширкат меварзанд.