КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо ва КАС

Кафедра соли 2013 таъсис ёфтааст ва дар факултаи “Молия, бонк ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёт” арзи вуҷуд дорад. Кафедра аз рӯи чор ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Айни ҳол вазифаи мудири кафедраи мазкурро Холов Зайдулло Ибодович 1 маи соли 1961 дар деҳаи Тангаии ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, дар ҳамин деҳа ба воя расидааст. Ӯ соли 1968 ба синфи якуми мактаби миёнаи рақами 19-и шаҳри Ваҳдат қадам ниҳода, онро соли 1978 бо гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба шуъбаи шабонаи баплангирии хоҷагии халқи факултети иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1986 хатм намудааст.

Фаъолияти кории худро соли 1979 дар МТМУ № 19 шаҳри Ваҳдат ба ҳайси омӯзгор оғоз намуда, солҳои 1980-1983 хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС адо намудааст. Баъди адои хизмат дар вазифаҳои гуногун аз ҷумла солҳои 1983-1987 котиби озодӣ комитети комсомолии совхози Орҷоникидзеобод, солҳои 1987-2005 котиби ҷамоати деҳоти Симиганҷ, солҳои 2005-2006 сардори терминали РХМКС-и ш.Ваҳдат, солҳои 2006-2008 мудири шуъбаи захираҳои меҳнатии Раёсати агентии шуғли аҳоли ш.Ваҳдат, солҳои 2008-2012 сармутахассис ва мудири шуъбаи назорати Дастгоҳи Раиси ш.Ваҳдат, солҳои 2012-2013 сармутахассиси Раёсати агентии шуғли аҳолии ш.Ваҳдат, солҳои 2013-2014 директори филиали “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ш.Ваҳдат, солҳои 2014-2019 муовини раиси Ҷамоати деҳоти Симиганҷ , ҳамзамон аз 1.02.2017 то июли 2017 омӯзгори кафедраи” Омор ва ҳисобдорӣ”-и Коллеҷи омори ш.Ваҳдат ва аз 14.10.2023 то инҷониб мудири кафедраи “Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо ва КАС”-и Коллеҷи омори ш.Ваҳдатро ба зима дорад.

Оиладор соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Шумораи омӯзгорони кафедра 12-нафарро ташкил мекунад, ки аз он; 1 нафар н.н.и, 8 нафар омӯзгори калон; 1 нафар ассистент; 2 нафар коромуз;.

Дар кафедра ихтисосҳои

2-270131 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот»

2-27013122 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо ва КАС»,

2-26020201 «Менеҷменти молиявӣ» фаъолият мекунад.

Хатмкунандагони ихтисосҳои кафедра метавонанд дар корхонаҳо ва идораҳои сохторҳои давлатӣ, ғайри давлатӣ палатаи савдо ва саноат ширкатҳои истеҳсолӣ, соҳаи кишоварзӣ ва КАС ва ба ҳайси иқтисодчӣ –менеҷер, иқтисодчӣ маркетолог фаъолият намоянд.

Омӯзгорони кафедра аз фанҳои: Назарияи иқтисодӣ, иқтисодиёти ҷаҳон, таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ, асосҳои менеҷмент, маркетинг, иқтисодиёти корхона, ташкил ва банақшагирӣ, бамеъёргирии техникӣ, технологияи истеҳсолоти кишоварзӣ ва саноат ва дигар фанҳои иқтисоди ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Омӯзгорони кафедра бо призинтатсияҳо, адабиётҳо, лексияҳо, нақша ва барномаҳои корӣ, силабусҳо, айёниятҳо ва синфхонаҳои фанни таъмин мебошанд. Дар кафедра барои гузаронидани озмунҳои фаннӣ маҳфилҳо, викторинаҳо ва нишастҳои саволу ҷавоб аз рӯи мавзуъҳои интихобшуда чорабиниҳо амал мекунад. Кафедра дар чорабиниҳо ва семинарҳо фаъолона иштирок мекунад.

Кафедраи “Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо ва КАС” аз имкониятҳо ва комёбиҳо истифода бурда дар ҷашнҳои истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон,Сарқонун, Наврӯзи Аҷам, рӯзи Забон ва дигар идҳо яке аз иштирокчиёни факултет ба шумор меравад.

Дар марҳилаи иқтисодӣ бе фаъолияти мутахассисони касбӣ ғайри имкон мебошад. Ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари хоҷагии молиявии ташкилоту корхонаҳо дар шароитӣ бозори бидуни мутахасиссони ин кафедра аз имкон берун аст. Махсусан шароити имрӯзаи иқтисодӣ бозори такмил додани низоми баҳисобгириро тақазо намуда ба меъёрҳои байналмилали муносиб намудани онҳоро талаб менамояд. Ба мақсади амали намудани нақшаҳои ҳукумат оиди тайёр намудани мутахасисони соҳаи иқтисодиёт ва идора кори кафедра ба роҳ монда шудааст.