КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Кафедраи Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт кафедраи тахассусӣ буда дар он ду ихтисос: 2-40010135 “Таъминоти барномавии коркарди маълумотҳои иқтисодӣ ва иттилооти корӣ” ва 2-400101 “Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ” мавҷуд аст.

Дастпарварони кафедра қариб дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурии азизамон ва берун аз он кор ва фаъолият доранд.

Дар кафедра 10 нафар устодон фаъолияти меҳнатӣ доранд. Аз ҷумла, 4 нафар унвонҷӯ, 1 нафар аспирант, 1 нафар магистр ва 4 нафар бо маълумоти олӣ фаъолият доранд.

Айни ҳол вазифаи мудири кафедраи мазкурро Холмуродова Сурайё Бомуродовна ба ӯҳда дорад.

Холмуродова Сурайё Бомуродовна 06.01.1972 дар шаҳри Ваҳдат дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Таҳсилро аз соли 1979 дар мактаби миёнаи №3 ба номи В. В. Терешкова оғоз намуда, онро соли 1989 бомуваффақият хатм намудааст. Аз соли 1989 то соли 1994 таҳсилро дар Донишгоҳи Давлатии Омӯзгорӣ, ихтисоси математика – информатика давом додааст. Кору фаъолияти худро дар мактаби миёнаи №3, ҳамчун омӯзгори фанни технологияи компютерӣ оғоз намудааст. Аз соли 2008 то инҷониб дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамчун омӯзгори фанҳои технологияи компютерӣ кор карда истодааст. Ҳамзамон дар як қатор вазифаҳо кору фаъолият намуда вазифаи мудири кафедраи Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиётро ба ӯҳда дорад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.