КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Омор ва ҳисобдорӣ

Маълумотнома оиди кафедраи омор ва ҳисобдорӣ. Кафедра соли 2013 таъсис ёфтааст ва дар факултети “Омор, ҳисобдорӣ ва низоми иттилоотӣ” арзи вуҷуд дорад. Кафедра аз руи се ихтисос мутахасис тайёр мекунад. Шумораи омӯзгорони кафедра 13- нафарро ташкил мекунад, ки аз он; 2-нафар н.и.и, 8-нафар муаллими калон, 1- асистент ва 2-нафар коромӯз фаълият менамоянд. Дар кафедра ихтисоси 2-250135 “Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат”, 2-250105 ихтисоси “Омор” ва 2-25013101 ихтисоси “Буҷет ва баҳисобгирии буҷетӣ” фаъолият мекунад. Айни замон вазифаи мудири кафедраро Ятимов Аҳмадҷон Ҷунайдуллоевич ба зима дорад.

Ятимов Аҳмадҷон Ҷунайдуллоевич 15. 11 1981 дар шаҳри Ваҳдат дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ятимов Аҳмадҷон Ҷунайдуллоевич соли 1999 ба Донишгоҳи Аграрии Тоҷкистон дохил шуда ва онро соли 2003 бо ихтисоси «Ҳисоби муҳосибӣ ва аудут» хатм намуда соҳиби дипломи дараҷаи бакалавр гардидааст. Солҳои 2003-2005 шуъбаи магистри ДАТ бо ихтисоси «Ҳисоби муҳосибӣ ва аудут»-ро бомувафақият хатм намудааст. Номбурда фаъолияти корияшро соли 2005 ба асистенти кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» дар ДАТ оғоз намуда то соли 2007 идома додааст. Соли 2009 то соли 2011 мутахасиси шуъбаи Раёсати ақибгоҳи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Номбурда аз соли 2013 дар Коллељи омори шаҳри Ваҳдат омӯзгори фанҳои иҷтисодӣ кору фаъолият намуда истодааст.

Дар баробари ин номбурда омўзгори калони кафедра ба шумор рафта, аз фанҳои равияи иќтисодї ба донишљўён таълим медиҳад. Ятимов Аҳмадҷон дар муассиса аз 10-уми сентябри соли 2022 инљониб дар вазифаи мудири кафедраи «Омор ва ҳисобдорї» кору фаъолият намуда истодааст. Оиладор, соҳиби як фарзанд.

Дар кафедра «Омор ва ҳисобдорї» омўзгорон аз фанҳои зерини тахассусї дарс мегўянд:

1.Аудит

2.Аудит дар бонкҳо

3.Њисоби муҳосибї ва аудит

4.Баҳисобгирии муҳосибї

5.Баҳисобгирии муҳосибї фаъолияти амалиётҳо дар бонк

6.Баҳисобгирии муҳосибї дар муассисаҳои буљетї

7.Њисоби муҳосибї (молиявї)

8.Назорат ва тафтиш

9.Коргузорї дар муассисаҳо

10.Коргузорї дар омор

11.Омори саноат

12.Омори кишоварзї

13.Омори иљтимої-иќтисодї

14.Назарияи умумии омор

15.Омори иљтимої

16.Назарияи баҳисобгирии муҳосибї

17. 1С муҳосиб

18.Хазинадорї

19.Таърихи баҳисобгирии муҳосибї

20.Стандартҳои Байналмилалии Њисоботи Молиявї

21.Њуљљатгузорї

22.Њисоби муҳосибии идоравї

23.Тафтишот дар муасисаҳои буљавї

Омўзгорони кафедра дар гузаронидани маҳфилҳо, конфронсҳо ва сенарҳо ташаббуси калон нишон медиҳанд.Дар назди кафедра љамъияти илмиии донишљўён (ЉИД) фаъолият менамояд, ки далели ин гуфтаҳост. Омўзгорони кафедра барои сайќал додани дониши худ ҳамеша талош меварзанд. Маќолаҳои илмї ва публисистии омўзгорон пайваста дар рўзномаву маљаллаҳои шаҳри Ваҳдат нашр мегардад. Омўзгори калони кафедра Иброҳимов Љамшед «Маљмўаи корҳои мустаќилона аз фани баҳисобгирии муҳосибї барои донишљўёни равияи иќтисодї»-ро таҳия намуда, аз чоп баровард. Њамзамон мавсуф модули фанни «Назорат ва тафтиш»-ро таҳия намудааст,ки он омодаи чоп мебошад.

Омўзгорон аз рўи барномаҳои таълимї дарс гузашта, барои баланд бардоштани савияи дониши донишљўён саҳми босазое мегузоранд. Дастпарварони устодони кафедра дар тамоми соҳаҳои хољагии халќи азизамон кору фаъолият менамоянд, ки ин боиси сарбаландиву сарфарозии омўзгорон мебошад.