Шарипов Файзиддин Шамсиддинович декани факултети “Молия, бонк ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёт “ 8 ноябри соли 1970 дар деҳаи Тиллои Сафеди ҷамоати деҳоти Гулистон н.Орҷоншендзеобод ( ҳоло ш.Ваҳдат) дар оилаи коргар таввалуд шудааст. Соли 1989 баъди хатми муассисаи миёнаи №22 ба номи Карл Маркс ба факултаи таърихи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи Карл Маркс ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ( Ҳоло Донишгоҳи милли Тоҷикистон) дохил шуда , соли 1994 хатм кардааст.
Соли 1994 ба раҳхати Вазорати маориф ба техникуми статистикаи ш. Кофарниҳон (ҳозира Коллеҷи омори ш. Ваҳдат )ба ҳайси омӯзгори фанҳои ҷомеашиносӣ фиристонида мешавад. Соли 1997 то соли 2015 дар вазифаи сардори шуъбаи таълим аз соли 2015 то 2018 дар вазифаи мудири кафедраи фанҳои гуманитари ва аз таърихи 02.02.2021 тоҳол дар вазифаи декани факултети “Молия, бонк ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёт” кору фаъолият карда истодааст.
Аълочии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллими калон , оиладор соҳиби 8-фарзанд ва 7-набера.
Дар факултети “ Молия бонк ва ташкили истеҳсолот “ се кафедра мавҷуд аст.
1. Кафедраи фанҳои “ Гуманитарӣ”
2. Кафедраи “Молия, андоз ва кори бонкӣ"
3. Кафедраи “ Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо ва КАС”
Факултет аз рӯи 7-ихтисос мутахассис тайёр мекунад;
1.2-250132-“Кори бонкӣ”
2.2-250131-“Молия”
3.2-25013102-“Андоз ва андозбандӣ”
4.2-270131-“Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот”
5.2-27013122-“Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо ва КАС”
6.2-260202-“Менеҷмент”
7.2-26020201-“Менҷменти молиявӣ”