КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Олимзода Абдуваҳоб

Олимзода Абдусаҳоби Сироҷиддин

Олимзода Абдусаҳоби Сироҷиддин 2-марти соли 1994 дар деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Соли 2001 таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи №39-и деҳа оғоз намуда, онро соли 2012 хатм намуд. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил шуда, онро соли 2016 бо ихтисоси иқтисодчӣ - менеҷер бомуваффақият хатм намуд. Худи ҳамон сол ба магистратураи донишгоҳи мазкур шомил гардида, соли 2018 онро бо муваффақият хатм намуд. Ҳамзамон, соли 2019 ба шуъбаи докторантураи донишгоҳи мазкур шомил гардида, дар мавзӯи “Мукаммалгардонии рушди зеркомплекси чорвои ширдеҳ дар мисоли ноҳияҳои тобеи маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон” татқиқотҳои илмӣ бурда истодааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз 13.01.2017 дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба ҳайси омӯзгори фанҳои иқтисодӣ оғоз намуд. Аз 01 сентябри соли 2018 то 26 ноябри соли 2019 ба ҳайси мудири кафедраи Омор ва ҳисобдории факултаи Омор, ҳисобдорӣ ва низоми иттилоот дар иқтисодиёти муассисаи мазкур адои вазифа намуда, аз 26 ноябри соли 2019 то 11 марти 2020 ба тариқи гузариш ба вазифаи мутахасис-Эдвайзери факултаи Омор, ҳисобдорӣ ва низоми иттилоот дар иқтисодиёти муассисаи мазкур фаъолият намуд.

Аз 11 марти соли 2020 то ин ҷониб вазифаи сардори шуъбаи таълими Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдатро ба уҳдо дорад.

Соли 2018 бо Ифтихорномаи Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.