Шарипов Фаридун Шарифович, 07.04.1986 дар шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Баҳор, деҳаи Пистамазор дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1991- ум таҳсилашро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №140-и деҳа оғоз намуда, соли 2001-ум муассисаи зикргардидаро бо бомуваффақият хатм намуд.
Соли 2001-ум барои идома додани таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба Техникуми омори шаҳри Кофарниҳон (ҳозира Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат) ба ихтисоси “Баҳисобгири муҳосибӣ” супорида, соли 2003-ум бошад бо тахассуси иқтисодӣ-муҳосиб онро хатм намуд. Худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ба ихтисоси “Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит” супорида, донишгоҳи мазкурро соли 2007 бо тахассуси иқтисодчӣ хатм намуд. Оғози фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2006 дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамчун омӯзгори фанҳои иқтисодӣ шурўъ намуда, дар муассисаи мазкур дар давраи фаъолияти хеш дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, соли 2017-ум ба ҳайси мудири кафедраи “Молия, андоз ва кори бонкӣ” фаъолият намуда ва аз санаи 02.01.2019 то инҷониб вазифаи муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагидориро бар душ дорад. Дорандаи ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон мебошад. Оиладор соҳиби 6-фарзанд мебошад.