Саидов Беҳрўзҷон Муминович, 17.09.1984 дар шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Абдулло Абдулвосиев, деҳаи Кабиробод дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1991- ум таҳсилашро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11 ба номи А.С.Пушкин оѓоз намуда, соли 2001-ум муассисаи зикргардидаро бо баҳои хубу аъло хатм намуд.
Соли 2004-ум барои идома додани таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (Собиқ Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ) дар ихтисоси “Менеҷмент ва соҳибкорӣ” супорида, соли 2009-ум бошад бо тахассуси иқтисодчӣ-менеҷер онро хатм намуд. Оѓози фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2009 дар Донишкадаи зикргардида шурўъ намуда, дар донишкадаи мазкур тули нуҳ сол дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуд. Аз соли 2017-ум тариқи интиқол ба Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба ҳайси Мудири кафедраи “Иқтисод ва идора дар корхонаҳо ва КАС” таъин гардид. Аз 02.01.2019 то инҷониб вазифаи муовини директор оид ба тарбияро бар душ дорад. Дорандаи ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Ваҳдат, аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад, Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.