Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад 7 апрели соли 2026 бо фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат таъин гардид.
Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад – директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, номзади илмҳои иқтисодӣ ва дотсент, коршиноси эътирофшуда дар соҳаи иқтисоди сармояи инсонӣ ва амнияти иқтисодӣ мебошад.
Аз соли 2003 то инҷониб ӯ дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ фаъолияти касбиро ба роҳ мондааст. Мавзӯъҳои тадқиқотии Зоирзода И.С. доираи васеи масъалаҳои мубрами иқтисоди муосир, аз ҷумла назария ва амалияи рушди сармояи инсонӣ, масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодии он, механизмҳои маблағгузорӣ ва хусусиятҳои минтақавии ташаккули сармояи инсониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мегиранд. Дар таҳқиқотҳои ӯ ба таъсири тағйироти демографӣ ба сохтор ва сифати сармояи инсонӣ, инчунин ба нигоҳдорӣ ва беҳтар кардани саломатии аҳолӣ ҳамчун омили калидии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ таваҷҷӯҳи махсус дода шудааст.
Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад – муаллифи шаш монография, панҷ китоби дарсӣ, се дастури таълимӣ ва зиёда аз 80 мақолаи илмӣ мебошад, ки дар маҷаллаҳои ватанӣ ва байналмилалӣ нашр шудаанд. Таҳқиқоти ӯ роҷеъ ба масоили сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, амнияти иқтисодӣ, рақамигардонии иқтисодиёт, молияи давлатӣ ва рушди сармояи инсонӣ бахшида шудаанд. Таълифоти ӯ бо навгонии илмӣ, самтдории амалӣ ва саҳми назарраси худ дар рушди афкори иқтисодӣ тафовут доранд.
Саҳми дотсент Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад дар рушди илм ва низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад. Ӯ дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла лоиҳаи “Беҳтаргардонии сифати таълим тавассути истифодаи муҳити иттилоотӣ-таълимии электронӣ дар донишгоҳ”, ки ба навсозии раванди таълим ва ворид намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми таҳсилоти олӣ нигаронида шудааст, фаъолона иштирок мекунад.
Ӯ барои баланд намудани тахассуси касбии худ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ таҷрибаомӯзӣ ва сафарҳои омӯзиширо дар Малайзия, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом дод, ки ин боиси тақвияти робитаҳои илмӣ ва ворид намудани таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ дар фаъолияти таълимӣ ва илмии донишгоҳ гардид.
Барои саҳми назаррас дар рушди илм ва маориф ӯ бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022) ва унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2012) сарфароз гардонида шудааст.
Фаъолияти касбии Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад ба тақвияти иқтидори зеҳнии донишгоҳ, баланд намудани сифати таълим ва ҳамгироии илми миллӣ ба фазои байналмилалии илмӣ-таҳсилотӣ самтгузорӣ шудааст.






