Солиҳов Фазлиддин Чақалович декани Факултети “Омор, ҳисобдорӣ ва низоми иттилоотӣ” бо хусусият ва иқтидори воқеии худ дар тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон нақши хеле калонро соҳиб гардидааст. Факултет соли 2013 ба низоми кредитии таҳсилот гузашт ва барои зина ба зина ба ҳамин низоми таҳсил гузаштани тамоми ихтисосҳои факултет заминаи хеле хуб фароҳам овард.Ин низом боиси хеле беҳтару ҷиддитар шудани муносибат ва интизоми толибилмон нисбати омӯзиш ва баланд рафтани сатҳи дониши онҳо гардида истодааст. Айни ҳол дар факултет 3 кафедра фаъолият мекунад:.
Солиҳов Фазлиддин Чақалович 12 ноябри соли 1975 дар деҳаи Шуҳратёри ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст.
Соли 1983 ба синфи якуми муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 22 - и шаҳри Ваҳдат рафта, онро соли 1993 хатм кардааст. Аз соли 1993 то 1998 донишҷӯи факултаи математика, ихтисоси математика – информатикаи Донишгоҳи давлатии омузгори Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни.
Аз соли 1998 то 2003 ҳамчун омӯзгори фанҳои математика информатикаи мактаби миёнаи рақами 22 - и шаҳри Ваҳдат кору фаолият намудааст . Аз соли 2003 то соли 2013 ба сифати омӯзгори фанҳои технологияҳои информатсионии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат фаъолият намуда, солҳои 2013-2019 вазифаи декани факултаи “Омор, ҳисобдорӣ ва низоми иттилооти” –и Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдатро ба зима дошт.