Тарҷумаи ҳол
Маълумотнома оиди кафедраи “Фанҳои табиӣ - риёзӣ”. Кафедра соли 2014 таъсис ёфтааст ва дар факултети “Омор, ҳисобдорӣ ва низоми иттилоотӣ” арзи вуҷуд дорад. Айни замон дар кафедраи “Фанҳои табиӣ - риёзӣ” 16 – нафар омӯзгор касби ва ботаҷриба кору фаъолият намуда истодаанд. Аз онҳо 4 – нафар омӯзгорони калон, 10 – нафар ассистент – омӯзгор ва 2 – нафар коромӯз тадқиқотчӣ мебошанд. Айни ҳол вазифаи кафедраи мазкурро Сафаров Мустафо Маҳмадшарифович ба зима дорад.
Сафаров Мустафо Маҳмадшарифович 08. 02. 1996 дар шаҳри Ваҳдат дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Сафаров Мустафо Маҳмадшарифович соли 2013 литсейи ба номи Темур Собирови ш. Ваҳдатро хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни дохил шуда ва онро соли 2018 бо ихтисоси «Биохимияи тиббӣ» хатм намуда соҳиби дипломи дараҷаи бакалавр гардидааст. Кору фаъолияти худро аз соли 2020 дар коллеҷи Омори ш.Ваҳдат ба ҳайси омӯзгори фанни биология ва химия оғоз намудааст. Аз 16.01.2023 с. то ҳол дар вазифаи мудири кафедраи “Фанҳои табиӣ - риёзӣ” фаъолият намуда истодааст. Оиладор соҳиби ду фарзанд.
Дар кафедраи “Фанҳои табиӣ - риёзӣ” омўзгорон аз фанҳои зерин дарс мегўянд:
1.Физика
2.Алгебра
3.Биология
4.Химия
5.Экология
6.География
7.Математикаи Олӣ
8.Геометрия
9.Назарияи эҳтимолият ва омори риёзӣ
10.Консепсияи табиатшиносии муосир
11.Омодагии ибтидоии ҳарбӣ
12.Математикаи дискретӣ
13.Мудофиаи шаҳрвандӣ
14.Тарбияи ҷисмонӣ
Омўзгорони кафедра дар гузаронидани маҳфилҳо, конфронсҳо ва семинарҳо ташаббуси калон нишон медиҳанд. Дар кафедра КВАНТ – и кафедра амал менамояд, ки донишҷӯён ва иштирокчиёни олимпиадаҳо ҷалб намуда мешаванд. Омўзгорони кафедра барои сайќал додани дониши худ ҳамеша талош меварзанд. Маќолаҳои илмї ва публисистии омўзгорон пайваста дар рўзномаву маљаллаҳои шаҳри Ваҳдат нашр мегардад. Омўзгори калони кафедра Сафаров И.Г. «Назарияи эҳтимолият ва омори риёзӣ»-ро таҳия намуда, аз чоп баровард.
Омўзгорон аз рўи барномаҳои таълимї дарс гузашта, барои баланд бардоштани савияи дониши донишљўён саҳми босазое мегузоранд.