КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Фанҳои гуманитарӣ

Тарҷумаи ҳол Кафедраи фанҳои гуманитарӣ соли 2014 таъсис ёфтааст. Айни замон дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ 27 нафар омӯзгорони касбӣ ва ботаҷриба кору фаъолият намуда истодаанд. Аз онҳо 8 нафарашон омӯзгори калон, 8 нафар ассистент-омӯзгор ва 11 нафар коромӯз тадқиқотчӣ мебошанд. Айни ҳол вазифаи мудири кафедраи мазкурро Азизова Дилафрӯз Качураевна ба зима дорад. Азизова Дилафрӯз Качураевна 02.05.1976 дар шаҳри Ваҳдат дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Азизова Дилафрӯз литсейи рақами 4 ба номи Т. Собировро аз соли 1982 то соли 1993 таҳсил намудааст. Инчунин, аз соли 1996 то соли 2001 дар техникуми статистикии шаҳри Ваҳдат (ҳозира коддеҷи омор) бо ихтисоси “Омор” таҳсил намудааст. Аз соли 2001 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ихтисоси журналист-тарҷумон дохил шуда, онро соли 2007 бомуваффақият хатм намудааст. Кору фаъолияти худро аз соли 2004 то соли 2006 дар литсейи рақами 4 ба номи Т. Собирови шаҳри Ваҳдат ҳамчун омӯзгори фанни таърих оғоз намудааст. Аз соли 2006 то инҷониб дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба ҳайси омӯзгори фанни таърих кор карда истодааст. Ҳамзамон, дар як қатор вазифаҳо кору фаъолият намудааст. Аз соли 2006 то соли 2009 ва аз соли 2017 то соли 2019 дар вазифаи раиси Шӯрои занон ва духтарон дар коллеҷи мазкур фаъолият намуда, аз соли 2018 то ҳол дар вазифаи мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» фаъолият намуда истодааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ соли 2014 таъсис ёфтааст.Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ 27нафар омӯзгорони касбӣ ва ботаҷриба кору фаъолият намуда истодаанд. Аз инҳо: 8 нафар омӯзгори калон, 8 нафар ассистент-омӯзгор ва 11 нафар коромӯз тадқиқотчӣ мебошанд.

Дар кафедра омӯзгорон аз фанҳои зерин дарс мегӯянд:

1. Забони тоҷикӣ

2. Адабиёти тоҷик

3. Забони русӣ

4. Забони англисӣ

5. Фалсафа

6. Фарҳангшиносӣ

7. Диншиносӣ

8. Сотсиология

9. Таърихи халқи тоҷик

10. Таърихи умумӣ

11.Психологияи касбӣ

12. Маърифати оилавӣ

13.Этикаи касбӣ

14. Сиёсатшиносӣ

15. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ

16. Ҳуқуқи инсон

Устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар гузаронидани маҳфилҳо, конференсия ва семинарҳо ташаббуси калон нишон медиҳанд. Донишҷӯёни коллеҷ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба ҷойҳои намоён сазовор мегарданд. Соли 2015 донишҷӯ Сатторова Назира аз фанни таърих дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи якумро сазовор гашт. Дар тайёр намудани донишҷӯ ба озмун саҳми омӯзгори фанни таърих Азизова Д. хеле калон аст. Соли 2019 донишҷӯ Маҷидова Фарида дар озмуни ҷумҳурявӣ байни коллеҷҳо аз фанни забони русӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гашт.

Омӯзгорони кафедра уҳдадориҳои вазифавии худро пурра иҷро карда, баҳри такмил додани дониши худ пайваста кӯшиш мекунанд. Мақолаҳои илмӣ ва публисистии омӯзгорон дар рӯзнома ва маҷаллаҳо мунтазам нашр мешаванд.

Омӯзгори кафедра Чориқулова Парвина дастури методии худро аз фанни забони англисӣ бо номи “Маҷмӯаи бахши машғулиятҳо аз забони англисӣ”-ро таҳия намуда аз чоп баровард. Омӯзгорони кафедра аз рӯи барномаҳои таълимӣ дарс гузашта. дар баланд бардоштани савияи маърифати донишҷӯён саҳми калон мегузоранд.