Ихтисоси 2-020505, “Информатика”
Хатмкунандагони ихтисоси “Информатика” дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти асосӣ, умумӣ, ибтидои касбӣ ва миёнаи касбии соҳаи маорифи ҷумҳури ҳамчун омӯзгор фаъолият менамоянд.
Ихтисоси 2-020501, “Математика”
Хатмкунандагони ихтисоси “Математика” дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти асосӣ, умумӣ, ибтидои касбӣ ва миёнаи касбии соҳаи маорифи ҷумҳури ҳамчун омӯзгор фаъолият менамоянд.
Ихтисоси 2-250132 “Кори бонкӣ”
Хатмкунандаи ихтисоси “Кори бонкӣ” метавонад дар шуъбаҳои бонки давлатӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар шакли бонкҳо ҳамчун мутахассис фаъолият намоянд.
Ихтисоси 2-26020201 «Менеҷменти молиявӣ»
Хатмкунандаи ихтисоси «Менеҷменти молиявӣ» метавонад дар шуъбаи молия, бонкҳо, ширкатҳои суғуртавӣ ва дигар корхонаҳо ва идораҳои давлатӣ, сохторҳои ғайридавлатӣ ба ҳайси молиячӣ, иқтисодчӣ–менеҷер ва мудирияти корхона фаъолият намояд.
Ихтисоси 2-260202 «Менеҷмент»
Хатмкунандаи ихтисоси «Менеҷмент» метавонад дар корхонаҳо ва идораҳои давлатӣ, сохторҳои ғайридавлатӣ, палатаи савдо ва саноат, ширкатҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои муштарак ва дигар муассисаҳо ба ҳайси иқтисодчӣ-менеҷер, мудирияти корхона фаъолият намояд.
Ихтисоси 2—40010135 ва 2—400101
Хатмкардаи ихтисоси «Таъминоти барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ» ба хизматрасонии фаъолияти берунии иқтисодӣ, соҳибкорӣ машғул шуда, ба ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот оид ба дороиҳо, ӯҳдадориҳо, даромаду хароҷотҳои корхона барои ташкили самараноки муносибатҳои хориҷии молиявӣ масъул аст.
Ихтисоси 2-250135
Хатмкардаи ихтисоси «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва назорат» метавонад дар корхонаю идораҳои давлатӣ, сохторҳои ғайридавлатӣ, палатаи савдо ва саноат, ба ҳайси иқтисодчӣ - менеҷери соҳибкорӣ фаъолият намояд.
Ихтисоси 2-250105
Хатмкардаи ихтисоси «Омор» метавонад дар корхонаҳои хурду миёнаи саноатии давлатӣ, сохторҳои ғайридавлатӣ, ширкатҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои муштарак, ва дигар муассисаҳо ба ҳайси иқтисодчӣ фаъолият намояд.
Ихтисоси 2-25013101 «Буҷет ва баҳисобгирии буҷетӣ»
Хатмкунандаи ихтисоси «Буҷет ва баҳисобгирии буҷетӣ» дар тамоми корхонаҳо, муассисаю ташкилот ва инчунин дар муассисаҳои буҷетӣ кор ва фаъолият карда метавонанд. Буҷет муносибатҳои байниҳамдигарии молиявиии давлат бо пардохтгароии андозҳо ва воситаҳои ғайриандозӣ ба буҷет ва муассисаҳои буҷетӣ мебошад.
Ихтисоси 2 – 250131 “Молия”
Хатмкунандаи ихтисоси «Молия» метавонад дар шуъбаҳои бонки давлатӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар шакли бонкҳо ҳамчун мутахассис фаъолият намояд.
Ихтисоси 2-270131 ”Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот”
Хатмкунандагони ин ихтисос метавонанд дар корхона ва идораҳои сохторҳои ғайридавлатӣ, палатаи савдо ва саноат, ширкатҳои истеҳсолӣ, ба ҳайси иқтисодчӣ –менеҷер фаъолият кунанд.
Ихтисоси 2-27013122 ”Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо ва КАС”
Хатмкунандагони ин ихтисос метавонанд дар корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ, сохторҳои ғайридавлатӣ, палатаи савдо ва комплексҳои агросаноатӣ, ширкатҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои муштарак ва дигар муассисаҳо ба ҳайси иқтисодчӣ-менеҷер фаъолият намоянд.
Ихтисоси 2-25013102, “Андоз ва ндозбандӣ”
Хатмкунандагони ихтисоси “Андоз ва андозбандӣ” дар раёсатҳои андоз, дар корхонаҳои давлатӣ, ба ҳайси иқтисодчӣ – нозири андоз фаъолият менамоянд.