КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Семинари илмӣ-назариявӣ

Семинари илмӣ-назариявӣ

Дар асоси нақша- чорабиниҳои кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсоз” семинари илмӣ-назариявӣ санаи 04.11.2022 бо иштироки фаъоли омӯзгорон ва донишҷӯён дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса маърӯзаҳо ва хондани шеърҳо дар васфи қонун ва Ватан қироат карда шуд.

Инчунин, дар бахши дуюми чорабинӣ байни донишҷуёни ду ихтисос озмӯни байнифанӣ аз фанни “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” баргузор карда шуд, ки донишҷӯёни фаъол бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ бошад муовини директор оид ба тарбия муҳтарам Саидов Беҳрӯз Муминович бори дигар тамоми иштироккунандагонро бо ҷашни сиёсӣ табрик намуда, дар фаъолияти ҳаррӯзаашон будрдбориҳо таманно намуд.

Сана: 2022-11-05     Хонданд: 2689

ҲАМКОРИҲО