КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Вохўри бо Ташкилоти қарзии «Ҳумо» ва «Финка»

Маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ва омўзгорони кафедраи «Молия, андоз ва кори бонкӣ» дар санаи 26-27.10.2022 якчанд вохўриҳо бо Ташкилоти хурди қарзии «Ҳумо» ва Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Финка» дар шаҳри Ваҳдат нақша-чорабиниҳо ташкил намуда бо намояндагони ташкилотҳо Сангов Хуршед Тағоймуродович ва Одинаев Садриддин Насриддинович дар сатҳи баланд гузарониданд.

Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ташкилотҳо дар мавзўъҳои «Роҳҳои беҳтар намудани ҳолати молиявии шаҳрвандон» ва «Саводнокии молиявӣ дар байни аҳолӣ» фаҳмондадиҳӣ намуданд. Дар байни донишҷўёни ихтисоси «Кори бонкӣ» ба таври васеъ оиди масоили мазкур сўҳбатҳои гарму ҷўшон роҳандозӣ карда шуд. Шогирдону хатмкунандагони Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдатро дар ташкилотҳои гуногуни қарзӣ ва бонкҳо интизорем, иброз намуданд меҳмонон.

Чорабинии мазкур барои баланд бардоштани маҳорату малака ва дониши донишҷўёни ихтисоси «Кори бонкӣ» айни муддао буда, инчунин дар оянда барои бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо низ поягузор ҳисоб мегардад.

Сана: 2022-10-28     Хонданд: 2632

ҲАМКОРИҲО