Имрӯз дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо иштироки фаъоли омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ аз тарафи кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” семинари илмӣ –назариявӣ таҳти унвони “Забон пояи давлат” гузаронида шуд.
Дар ифтитоҳи семинари мазкур Солиҳов Фазлиддин, муовини директор оид ба таълим дар суханрони хеш аз бузургию шаҳомати забони модарӣ ёдовар шуда, омӯзгорони ҷавонро барои пок нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, эҳтиром гузоштан ба забон ва дигар арзишҳои миллӣ таъкид намуд.
Дар раванди чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён шеърҳо, маърӯзаҳо ва дар васфи Забони давлатӣ суханони бузургон ироа карда шуд.
Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ инчунин, мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили шоҳмот, воллейбол ва тенниси рӯйи мизӣ гузаронида шуданд.