КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Рӯзи омӯзгор ва Забони давлатӣ

Бахшида ба Иди омӯзгорон ва Рӯзи Забони давлатӣ дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар мувофиқа бо супориши роҳбари муассиса, номзади илмҳои иқтисодӣ, муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом дар санаи 30.09.2022 чорабинии идона ҷашн гирифта шуд.

Чорабинии фарҳангӣ бо суханронии Директори муассиса муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом ифтитоҳ гардид. Зимни суханронии хеш роҳбари муассиса тамоми омӯзгорон ва аҳли маорифпарваронро бо иди касбиашон табрику таҳният намуда, барояшон тансиҳатӣ, саодати рӯзгор ва дар пешаи бисёр ҳам заҳматталаб комёбиҳои беназир таманно намуд.

Сипас, дар фазои тантанавӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба омӯзгорони собиқадор Одинаев Сангалӣ, Сафаров Исматулло, Акрамова Фирӯза ва Холмуродова Сурайё бо Ифтихорномаи Директори муассиса, Зоиров Файзалӣ бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, Ятимов Аҳмадҷон бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипов Фаридун, Олимзода Абдусаҳоб ва Қараев Аҳмадҷон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми чорабинии идона донишҷӯён бо як меҳру муҳаббати хосса васфи омӯзгор ва забони модариро бо қироати шеъру суруд баён намуда, хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Сана: 2022-09-30     Хонданд: 2587

ҲАМКОРИҲО