Дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар асоси нақша-чорабиниҳои Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи Сардори шуъба полковники милитсия Шомадзода Фирдавс Маҳмад бо ҷамъи донишҷӯёни муассиса вохӯрии судманд гузаронид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ полковники милитсия Шомадзода Фирдавс Маҳмад оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва оқибатҳои терроризму экстремизм, бо мақсади паст намудани хурофотпарастӣ, пушидани сару либоси бегона ва сатру ҳиҷоб, мондани ришу муйи сари баланд, таълимоти динии ғайриқонунӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуданд. Ҳамзамон, оид ба таълиму тарбияи донишҷӯён изҳори ақида намуда, қайд карданд, ки ҷавонон қувваи бузургӣ ояндаи миллат ба ҳисоб мераванд. Дар ҷамъбасти вохӯрӣ, аз тарафи Директори муассиса муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом барои ба ташриф овардан ва гузаронидани чунин вохӯрии судманд, ба Роҳбарияти ШВКД-ӣ дар шаҳри Ваҳдат изҳори сипос намуданд.