Имрӯз дар санаи 1 – уми сентябр чун анъана дар тамоми макотиби ҷумҳурии азизамон Рӯзи дониш қайд карда мешавад. Ин сана барои тамоми таҳсилкунандагони мамлакати мо санаи таърихӣ ва хотирмон ба ҳисоб меравад, зеро ки Дарси Сулҳро худи Пешвои азизамон дар макотиби гуногуни давлат ба таври ғайритабиӣ, фавқулода, хотирмон ва таъсирбахш гузаронида, ояндаи кишвари тоҷиконро дар самти илму фарҳанг ва маърифат боз як такони ҷиддӣ мебахшад.
Рӯзи дониши имсола дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид, ки устодону донишҷӯён ва кормандони Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат низ аз тариқи оинаи нилгун дар толору маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои барҳаво тамошои дастаҷамъонаро ташкил намуданд.
Аз таъкидҳои устодонаи Президенти муҳтарам муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омор низ баҳра бурда, дар робита имрўз Директори ҷавон ва умедбахши он Ҳайдарзода Меҳроби Ислом тамоми муҳассилини ин даргоҳи илму маърифатро бо фарорасии соли нави таҳсил табрику таҳният намуда, ба онҳо хониши хубу аъло ва барои коллективи омӯзгорону кормандони Коллеҷ барору комёбӣ таманно намуд. Инчунин, дар ин рабт командири ХДПМ ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, полковники милиса Шамсов Назирмат Ҷумаевич низ иштирок варзида, устодону донишҷӯёни муассисаро бо Рўзи дониш табрику таҳният намуд.
Рӯзи донишро ба ҳамаи мардуми Тоҷикистони азиз муборакбод менамоем. Ид муборак!!!