Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дар санаи 17.12.2020 дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат маҷлиси ғайринавбатӣ баргузор гардид. Дар рафти маҷлис директори муассиса номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом таъкид ба миён оварданд, ки айни замон вақти он расидааст, ки бо дарки тамом ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати сарфа намудани қувваи барқ амал намуда, ҳамзамон, масъалаи мазкур дар миёни ҷомеа мавриди фаҳмондадиҳиҳо қарор дода шавад. Ҳамчунин, директори муассиса дар рафти маҷлис оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, пешгирии бемории сироятии COVID-19, расонидани кӯмак ба ниёзмандону бепарастон сухан намуда, дар ин робита супоришҳои мушаххас доданд.