КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Мизи мудаввар “Оила рукни табиӣ ва асоси ҷамъият”

Санаи 6-уми апрели соли равон бо иштироки фаъоли донишҷӯён дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар мувофиқа бо “Дастурамал дар бораи ҳамкориҳои субъектҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои зуроварӣ дар оила” барои солҳои 2014-2023, дар мавзӯи “Оила рукни табиӣ ва асоси ҷамъият” аз тарафи кафедраи “Табиӣ-риёзӣ” дар сатҳи баланди назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар ду дастаи фаъол аз тарафи донишҷӯён омода гардида, бо номгузории “Садоқат” ва “Шуҷоат” муаррифӣ карда шуданд.

Мизи муддавар бо ироаи маърӯзаи муаллимаи кафедра Тошмухамедова Назира оғоз гардида, баъдан аз тарафи дастаҳо байни якдигар рақобати илмӣ баргузор карда шуд, ки аз суолҳои байнидаставӣ ва намоиши саҳнаи тарбиявӣ, ки ба ҷараёни имрӯзи зиндагии навҷавонон хос буд, пешкаши ҳакамон гардонида шуд.

Сана: 2022-04-06     Хонданд: 2973

ҲАМКОРИҲО