Имрӯз дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар асоси Барномаи давлатии “Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.02.2022, №06(38) 81 бо мақсади иҷрои банди 51 нақша-чорабиниҳо аз 24 январи соли 2022, №24/10-24 дар мавзӯъҳои “Шомилшавии наврасон ва ҷавонон ба гурӯҳҳои эктреместию террористӣ”, “Таҳсили ғайриқонунии динӣ” семинари омӯзишӣ бо иштироки сардори шуъбаи пешгирӣ, барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти эктремистидоштаи шуъбаи минтақавӣ бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар шаҳри Ваҳдат майори милитсия Дилшодзода Диловар ва донишҷӯёни муассиса гузаронида шуд.
Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ баромади майори милитсия Дилшодзода Диловар ва маърӯзаи омӯзгор Кабирзода Акбар дар мавзӯи “Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ” шунида шуд. Барои боз ҳам дурустар дарк намудани ҷавонон аз ин рафтори номатлуб, намоише маърази тамошо гардонида шуд.
Дар ҷамъбасти семинари омӯзишӣ, муовини директор оид ба тарбия Саидов Б., барои ба ташриф овардан ва гузаронидани чунин вохӯрии судманд, ба Роҳбарияти ШММЗҶМ дар ГНВ РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурзода Мумин Бобо изҳори сипос намуданд.