Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо иштироки донишӯён ва кормандон вохӯрии судманд бо прокурор – криминалистӣ Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1-ум Бобозода Гулмаҳмад Нарзулло баргузор гардид.
Сараввал директори муассиса муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом меҳмонони ҳузардоштаро ба аҳли нишаст шинос намуда, қайд намуданд, ки мақсади ҷамъ шуданамон аз он гувоҳи медиҳад, ки муҳтарам Бобозода Гулмаҳмад Нарзулло оид ба мафҳум ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021, инчунин, оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила” суханронӣ намояд.
Дар ҷараёни вохурӣ аз тарафи иштироккунандагон ба намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1-ум Бобозода Гулмаҳмад Нарзулло суолҳо пешниҳод гардида, посухњои мушаххас гардонида шуд. Дар ҷамъбасти вохӯрӣ бошад, Роҳбари муассиса муҳтарам Ҳайдарзода М.И., бори дигар баррасии Паёмро хуб арзёбӣ намуда, оид ба ташриф овардан ва гузаронидани чунин вохӯрии судманд, ба Роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоси беандоза намуданд. Қайд намуд, ки аз тарафи маъмурияти муассиса нуќтањои асосии Паёми соли 2021 ва Қонунҳои дар боло зикргардида, алакай нақша- чорабинӣ гардидааст ва бандҳои дарҷшуда, пай дар пай иҷро гардида истодааст.