КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ҲАЙДАРЗОДА МЕҲРОБИ ИСЛОМ БАХШИДА БАҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Ҳамдиёрони азиз! Омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Наврӯзи ҳуҷаставу оламафрӯз бо накҳати дилрабову пайки зиндагисозаш меҳмони сайёраи замин гардидааст. Қудуми баҳори эъҷозҳоро ба халқи шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак мегӯям.

Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонӣ, муътабар ва муқаддас мебошад, ки аз умуқи қарнҳо то ба даврони мо расида, бо хусусиятҳои хосу рамзҳои ҳакимонааш бо руҳи таърихии миллати шарафманди тоҷик пайвандии амиқу дақиқ дорад. Сарчашмаҳои бостонӣ Наврӯзро ҳамеша бо исми “Наврӯз” ёд кардаанд ва то имрӯз дар ҳар гӯшаи олам онро бо номи тоҷиконаи “Наврӯз” мешиносанд ва истиқбол мекунанд ва эътимод доранд, ки истиқбол аз Наврӯз баракат дар кору зиндагии инсоният мебошад. Ҳамонгунае, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзро зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бузурги гузаштагонамон гуфтаанд, барҳақ аст, ки Наврӯз бо хиради волои инсонӣ, тафаккури баланди илмӣ ва ҷаҳонбинии солим пайванд мебошад.

Дар ҳақиқат, Наврӯз, ҷашнест, ки бо табиат, бо абру борону моҳу хуршеду фалак пайванд буда, бо руҳи зиндагисозу тамаддунофар ҳамоҳанг мебошад. Асолати Наврӯзро низ кирдору пиндори нек, рафтору гуфтори нек, хайру саховат, меҳнату талош, дасти мадад ба сӯи ниёзмандон ва муҳимтар аз ҳама сафо овардан ба муҳит ва риояи покию назофат мебошад, ки ин асолат бо сиришти мардуми фарҳангсозу бунёдкор ва инсонпарвару ватандӯсти мо созгор мебошад.

Тамоми аркону фазилатҳои Наврӯз, дар баробари дигар идҳои милливу анъанаҳои аҷдодиамон беҳтарин намунаҳои зисту зиндагонӣ, оину оиндорӣ, инсондӯстиву инсонгароӣ ва ахлоқи ҳамидаро таҷассум намуда, суннатҳои неки он ба муттаҳидиву дӯстӣ, бародарию баробарӣ ва покиву поксириштӣ даъват менамоянд. Агар ба расму оини Наврӯзӣ бо чашми хирад назар намоем, дар ҳар рамз, ҳикмати илмӣ дида мешавад. Аз ҷумла, оташафрӯзӣ, рамзи гармию рӯшноӣ ва нуру зиё дорад. Сабзаву суманак бошад рамзи сарсабзию хуррамии ҷаҳон ва сарчашмаи ризқи поки инсони аз табиат аст. Дастурхони Наврӯзӣ бо “Ҳафт Син”-у “Ҳафт Шин” низ нишондиҳанда аз ҳафт табақи замину осмон, ҳафт ахтари рахшони осмон ва ҳафт бурҷи курраи замини инсонпарварро дорад.

Таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз дар саросари ҷаҳон рамзи эътирофи куҳанбунёду тамаддунсоз будани халқи тоҷик ва арҷгузорӣ ба оинҳои миллии мо мебошад, ки ин ифтихори бузург барои ҳар яки мост.

Бори дигар ҳамаи шуморо бо ин ҷашни пуршукӯҳ шодбош гуфта, бароятон хонадони ободу дастурхони пурфайз, нишоти зиндагиву шодмониҳои беохир, сарсабзиву хушбахтиҳои ҳамешагиро таманно дорам!

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,

Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад.

Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,

Чашмаи фархундаю фирӯз муборак бошад!

Ҷашни Наврӯз муборак бошад Ҳамватанони азиз!

Омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Сана: 2022-03-21     Хонданд: 2899

ҲАМКОРИҲО