КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Чорабинии тантанавӣ ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз

Дар асоси нақша - чорабинии муассисаи таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар санаи 17 марти соли равон дар муассиса чорабинии тантанавӣ, фарҳангиву варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар чорабинӣ як қатор меҳмонон аз тамоми шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд. Сараввал директори муассисаи таълимӣ Ҳайдарзода Меҳроб Ислом чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ имрӯз дар сарзамини мо ҳамчун муҳимтарин ҷашни миллӣ ва давлатӣ таҷлил карда мешавад. Таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз дар саросари ҷаҳон рамзи эътирофи куҳанбунёду тамаддунсоз будани халқи тоҷик ва арҷгузорӣ ба оинҳои миллии мо мебошад, ки ин ифтихори бузург барои ҳар яки мост.

Сипас, Ҳайдарзода Ислом Ҳайдар - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат табрикоти хешро ба саҳми ҳозирин расонид. Ҳамчунин, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат аз саннаи 11.03.2022 таҳти №31 бахшида ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар байни донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ ва литсейҳо мусобиқаи варзишӣ аз намуди волибол роҳандози гардид. Дар ҷараёни мусобиқа дастаи яккачини муассисаи давлатии таълимии коллеҷи омор, коллеҷи тиббӣ, коллеҷи сайёҳӣ, литсеи касбии №45 ва Райёсати маорифи шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд. Ҷамъбаст нишон дод, ки дастаи волейболбозони Коллеҷи омор хело хуб ҳунарнамоӣ карда, ба гирифтани ҷойи якум сазовор шуданд. Дар рафти баргузории чорабинии Наврӯзи байналмиллалӣ аз тарафи раиси ҲХДТ дар ш.Ваҳдат ба омӯзгорону кормандони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбии шаҳри Ваҳдат Ҷом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим мусобиқаҳои варзишии вазнбардорӣ, бандкашӣ, гӯштингирӣ гузаронида шуд. Ғолибони мусобиқаҳо бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фазои тантанавӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯз ба як қатор омӯзгорони зерин: Файзуллоева Г., Тоиров Ҳ. ва Аҳмадов Д. бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва омӯзгорон Давлатова Г., Ниёзов А. ва Қурбонзода Ф. бо “Ифтихорнома”- и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир, суруду мусиқиҳои дилнавоз дар васфи баҳор ва Наврӯз аз ҷониби донишҷӯён ва сарояндагон анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Сана: 2022-03-18     Хонданд: 2959

ҲАМКОРИҲО