Ҳамаи шуморо бо фарорасии зеботарин фасли сол-Баҳори оламафрӯз ва Рӯзи фархундаи Модарро ба ҳамаи модарони мушфиқ, бонувони меҳрубони диёр табрику муборакбод гуфта, барояшон сиҳатманди комил ва саодати рӯзгорро орзу менамоям. Эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати Модар вазифаи инсонии ҳар фарди худогоҳ буда, маҳз ҷозибаи ҷонбахши Модар, меҳру самимияти гарм ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони боиффату сарбаланди мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми Зан-Модар фармудаанд: "Модар гаҳвораву оламро ба ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд".
Насли инсон ба туфайли модар, ки рамзи бузургу ҷовидонаи вафо номида шудааст, идома дорад, Қадру манзалати модар дар олам беинтиҳост. Бузургии модар, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки ӯ постдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки модарон бо ҳисси бузурги масъулият дар баробари нигоҳбониву парасторӣ ва парвариши ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсосоти амиқи миллӣ тарбия менамояд. Нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад. Осоишу оромии оила ба ободиву суботи ҷомеа таъсиргузор асту ободии ҳар як хонадон бошад, аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маърифат ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Маҳз Модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву некӯкориро мекорад, то насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад.
Даврони истиқлолият занро нерӯи тозаи созандагӣ бахшид.Таваҷҷӯҳ ба зан, баланд бардоштани мақоми ӯ дар ҷомеа рукни муҳими сиёсати давлатӣ гашт. Давлат пуштибони зан ва зан такягоҳи давлат шуд. Қабул шудани барномаву стратегияҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарии ҳуқуқу имкониятҳои мардону занон, танзими оила ва масоили демографӣ дар ҳаёти ҷомеа ва занон таҳаввулоти амиқ ба амал оварданд.
Итминони комил дорам, ки занону модарони арҷманди мо ҷавобан ба ғамхориҳои Раиси ҷумҳур рисолати иҷтимоии худро амиқу дуруст дарк карда, барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони огоҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми занону модарон, бонувони диёри азизамонро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандон комёбиҳо орзу менамоям. Ид муборак, модарону хоҳарони азиз!