КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Муждаи нек

Муждаи нек.

Мувофиқи мактуби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат санаи 19.02.2022 мусобиқаи варзишӣ-ҳарбии “Ватанпарвар” байни муассисаҳои таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, Коллеҷи сайёҳӣ ва хизмат, Литсейи касбии №45, ва Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат ба таври шаффоф гузаронида шуд, ки доварони нуқтасанҷ аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат чорабиниро баҳогузорӣ намуданд.

Қайд намудан бо маврид аст, ки дар чорабинии мазкур ҳафт намуди мусобиқаи варзишӣ ва як намуд мусобиқаи ҳарбӣ муқаррар гардида буд. Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат тавонистанд аз панҷ намуди мусобиқа ҷойи якумро сазовор гарданд. Ҳамаи ин натиҷаҳои дилхоҳ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки омӯзгорон низ дар ин самт саҳми беназир доранд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ваҳдат, муҳтарам Исмоилзода Мирзо Раҳим бахшида ба 29-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор гардидани ҷойи якум Диплом ва Ҷоми Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро ба Директори муассиса муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом дар ҳузури иштироккунандагон тақдим намуданд.

Сана: 2022-02-25     Хонданд: 2273

ҲАМКОРИҲО