Дар санаи 22.02.2022 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии фарҳангӣ бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди ҷашни “Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки фаъоли Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Шарофиддинова Шаҳноза, кулли омӯзгорон ва доншҷӯён баргузор гардид.
Рафти чорабинӣ дар асоси сенарияи тартибдодашуда сурат гирифта, аз тарафи Директори муассиса муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом сухани ифтитоҳӣ оғоз гардид. Зимни суханронияш директори муассиса кулли мардуми кишвар ва тамоми иштироккунандагони чорабиниро ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар ҷодаи фаъолияташон комёбиҳоро таманно намуданд.
Ҳамзамон, донишҷӯёни муассиса тавонистанд бо шеъру суруд ва саҳнчаю қадамзании афсарона намоиши диданиеро баҳри тамошобинон пешниҳод намоянд. Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 15.02.2022, № 04(24)05-218 низ дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бахшида ба рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат, озмуну мусобиқаҳои гуногуни варзишию ҳарбӣ, боздид аз қисмҳои ҳарбӣ ва озмунҳои иншои беҳтарин, расмкашӣ ва рӯзномаи деворӣ роҳандозӣ карда шуд.
Дар ҷамбасти чорабинӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол аз тарафи тадорукоти муассиса бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.