КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Вохӯрии намояндагони Ташкилоти амонатии қарзии хурди Ҳумо

Вохӯрии намояндагони Ташкилоти амонатии қарзии хурди Ҳумо дар шаҳри Ваҳдат бо хатмкунандагони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санаи 04.02.2022 баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯри моро ҳамраҳи менамуданд директори Ташкилоти амонатии қарзии хурди Ҳумо дар шаҳри Ваҳдат Сангов Хуршед, Исмоилова Ясмина тренер, сардори шуъбаи рушди кормандони минтақавӣ Саидова Фирӯза.

Боиси хушнудист, ки хатмкунандагони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат имрӯзҳо аз тарафи роҳбарияти Ташкилоти амонатии қарзии хурди Ҳумо дар шаҳри Ваҳдат ва дигар ташкилоту идораҳо бетаваҷуҳ намонда, мунтазам вохӯриҳои судманд мегузаронанд ва донишҷӯёни болаёқатро барои таъмин намудан ба ҷойи кори доимӣ ҷалб намуда истодаанд. Қайд намудан бо маврид аст, ки алакай дуюмин ташкилоте мебошад, ки бо донишҷӯёни Коллеҷи омор вохуриҳо гузаронида истодааст. Дар вохурии имрӯза донишҷӯёни муассиса тавонистанд бо мутахассисон оид ба имкониятҳои Ташкилоти амонатии қарзии хурди Ҳумо саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушахас гиранд.

Сана: 2022-02-04     Хонданд: 2544

ҲАМКОРИҲО