25 январи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо иштироки омӯзгорон ва кормандони коллеҷ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ гардид. Сухани ифтитоҳӣ аз тарафи директори муассиса муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом оғоз гардида, қайд намуданд, ки барассии Паём дар тамоми ташкилоту муассисаҳо гузаронида мешавад. Бояд ҳамаи мо нуқтаҳои назарраси Паёми имсоларо дар фаъолияти вазифавиамон нақша чорабинӣ таҳия намуда, сармашқи корри ҳаррӯзаи худ гардонем.
Инчунин, дар ҷамъомад муовани директор оид ба таълим Зоиров Файзалӣ баромад намуда, оид ба нуқтаҳои асосии паём сухан карданд. Зоиров Ф баён намуданд, ки Паёми имсола фарогири масоили иқтисодиву иҷтимоӣ фарҳангиву маданӣ сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амнияти кишвар мебошад. Боиси ифтихораст, ки Ҳукумати кишвар ба рушди мунтазами соҳаи маориф таваҷҷуҳи доимӣ медиҳад.
Аз 1 июли соли 2022 20 % - зиёд кардани музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз ҷумла маориф, ҳамаи мо омӯзгоронро водор месозад, ки ба тарбияи насли наврас ҷиддӣ машғул шавем.
Сипас муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагидорӣ Шарипов Фаридун баромад намуда, қайд карданд ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон ба соҳаи саноати кишвар аҳамияти ҷиддӣ андухтанд. Бинобар аҳмияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат аз ҷумла саноаткунонии босуръати кишвар суханрони намуда, пешниҳод карданд, ки “ Солҳои 2022 – 2026 яъне то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Солҳои рушди саноат” эълон карда шавад.
Омӯзгори ҷавон Қурбонов Сунатулло маърӯзаи худ зери унвони “Паём марҳалаи тозаи соҳибистиқлолӣ“ баромад намуда, оид ба масъалаҳои соҳаи маориф дар Паём суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат вобаста ба соҳаи маориф иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳим арзёбӣ намудаем. Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дастури раҳнамоест, ки моро ба худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ҳидоят менамояд. Ҳайати омӯзгорони коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳар як нуктаи дар Паёми Пешвои муаззами миллат баёншударо мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос пайваста саъю талош хоҳад кард. Ва, барҳақ, Паёми Сарвари давлат дастури раҳнамои ҳар як сокини кишвар барои имрӯзу фардо ва зиндагии босаодату ободию шукуфоии Ватани азизамон мебошад.