КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

НАВСОЗИҲО, ПИРӮЗИЮ ДАСТОВАРДҲО

НАВСОЗИҲО, ПИРӮЗИЮ ДАСТОВАРДҲО

ҲИСОБОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ҲАЙДАРЗОДА МЕҲРОБИ ИСЛОМ ДАР СОЛИ 2021 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2022

Санаи 10.01.2022., дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, дар партави сиёсати ягонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба дастовардҳои яксолаи бенуқсони муассиса ва омодагиву вазифаҳо барои соли 2022, ҳисоботи директори муассиса дар ҷамъи омӯзгорон ва кормандон бо садо додани Суруди миллии ҶТ ифтитоҳ ёфт. Роҳбари муассиса қайд намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамасола аз рӯи 12 номгӯи ихтисос мутахассисон ба бозори меҳнат ҷавобгӯ ба воя расонида барои рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа сафарбар менамояд.

Зимни суханрони директор оид ба дастовардҳои муассиса дар марҳилаи соли сипаригашта, нишондодҳои назаррасро қайд намуд, ки соли таҳсили 2021 барои муассиса соли бомувафақият ба ҳисоб меравад. Зеро, дар соли сипаригардида муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Давлатов Раҳматулло тавонист мавзӯи тадқиқотии худро ҳимоя намуда сазовори унвони номзади илмҳои педодогӣ гардад.

Директори коллеҷ қайд намуд, ки хурсандиовар ин мебошад, ки 1 нафар донишҷӯёи муассиса тавонист дар озмӯни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” то марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта иштироки фаъол намояд. Донишҷӯи дигари муассиса Давлатшоева Адиба дар олимпиадаи байнифаннӣ аз фанни Забони тоҷикӣ байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мақоми дуюмро соҳиб гардид. Бекматова Шаҳло дар озмуни донишҷӯёни лаёқатмандон барои дарёфти идрорпулии Президентӣ иштирок намуда, муваффақ низ гардид. Донишҷӯ Ғаниева Сабрина дар озмуни шаҳрӣ зери унвони “Нақши китоби” Тоҷикон” -и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” иштироки фаъол намуда, бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуд. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ, бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассиса конфренсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва озмунҳои байнифаннӣ гузаронида мешавад, ки ин ҷараён диққати донишҷӯёни муассисаро ҷалб намудааст.

Директори муассиса қайд намуданд, ки барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директор оид ба таълим Зоиров Ф. ва муовини директор оид ба тарбия Саидов Б,бо Ифтихорномаи Раиси ш.Ваҳдат сазовор гардиданд. Инчунин барои хизмати бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба кормандони зерин: декани факултет Солиҳов Фазлиддин Чақалович, мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” Азизова Дилафрӯз Качураевана, омӯзгори фанни Забон ва адабиёти тоҷик Акрамова Фирӯза Султоновна, омӯзгори фанни варзиш Назаров Маҳмадӣ Абдуназарович, бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин, мудири бахши тарбия Султонов Тоҷиддин Муҳиддинович, омӯзгори фанни иқтисодӣ Ализода Тоҳир Саидаброн бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағоев Дустмаҳмад раиси иттифоқи касабаи муассиса бо Ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат сазовор ва қадрдонӣ карда шудаанд.

Роҳбари муассиса иброз намуданд, ки фаъолияти қисми тарбиявии муассиса дар соли ҷорӣ назаррас буда, Амру супоришоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, саривақт иҷро гардида, тибқи нақша- чорабиниҳои муассиса ҷамъомадҳои сиёсию фарҳангиро бо дастгирии Роҳбари муассиса дар сатҳи баланд гузаронида мешуд.

Директори коллеҷ дар бораи фаъолияти занҳо ва духтарони коллеҷ қайд карда, аз ҷумла гуфтанд, ки симои зани тоҷик ҳамчун фарди озодманишу озодихоҳ, зебову зебопараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст, ҳалиму меҳрубон, вафодору ҳақиқатҷӯ ва ҳунарманду кадбону тасвир гардидааст, ки ин самимият нисбати зан-модар, бонувону хоҳарон маротиба мақоми арзишмандро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳи хоса ва самимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон касб карда, матонату самимияти бонувони гурдофаридсифат зиёд гардида, онҳо дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар ҳамаи самтҳо нақши муассири худро гузошта истодаанд.

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша – чорабиниҳои тасдиқгардида дар Коллеҷи омор як қатор озмунҳо баргузор гардида истодаанд.

Дар санаи 19.02.2021 сол даври шаҳрии фестивал -озмуни “Чакомаи гесу” дар Қасри фарҳанги ш. Ваҳдат гузаронида шуд, ки дар он гулдухтарони коллеҷи мазкур бо як тайёрии хуб бинандагонро ба ваҷҳ оварданд. Дар ин фестивал Коллеҷи омор сазовори “Диплом” гардонида шуд.

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” дар шаҳри Ваҳдат рӯзи 16.03.2021 баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси ҲХДТ Хайриниссо Юсуфӣ ҳузур доштанд. Дар ин чорабинӣ донишҷӯи бахши дуюми коллеҷ - Асоева Зуҳро бо ҳунари кадбонугии худ сазовори “Ифтихорнома” гардид.

Дар Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки дар боғи фарҳангии ба номи А. Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид саҳми духтарони коллеҷ ҳам беҳамто набуд. Гулдухтарони мо бо либосҳои гулдузии ранги сурх диққати ҳамаро ба худ ҷалб месохтанд. Роҳбари муассиса оиди кору фаъолияти хоҷагидорӣ сухан карда қайд намуданд, ки шуъбаи хоҷагии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар муддати соли ҷорӣ барои омодагӣ дар соли таҳсили 2021 як қатор корҳои ободонӣ ва кабудизоркуниро ба анҷом расониданд. Инчунин, дар панҷараҳои деворӣ банерҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлолити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бахшида ба рӯзи Конститутсия, рӯзи Президент ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчамҳои хурд дар панҷараҳо насб карда шуданд, ки ин ҳусни коллеҷро боз ҳам афзун намуда, диққати роҳгузаронро ба худ ҷалб менамояд. Гуфтан ба маврид аст, ки имсол бо иқдоми пайгиронаи роҳбари муассиса роҳрави назди муассиса сафолакпуш карда шуд, ки ин ҳам ба зебо гардонидани атрофи муассиса саҳми арзанда дорад. Қобили қайд аст, ки бо дастгирии роҳбари муассиса 21 адад дарҳои хобгоҳи муассиса бо дарҳои оҳанин иваз карда шуданд, ки ин барои амнияти истиқоматкунандагони хобгоҳ мусоидат намуда аз хатарҳо эмин медорад. Дар интиҳо директори муассиса ҳисоботи худро ҷамъбаст намуда, бо арзи сипос ва миннатдорӣ ба кулли устодон ва кормандони коллеҷи омор дар соли 2022 муваффақият ва комёбиҳо таманно намуда, иброз доштанд, ки “раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи маърифат дар оянда шуморо боварӣ кунонида, кӯшиш менамояд, ки ҳамчун пайравони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори коллеҷ дар пайи обкорию созандагӣ қадам зада, тамоми қувваю нерӯи худро баҳри боз ҳам зеботар гардидани муассиса равона хоҳад кард.

Сана: 2022-01-12     Хонданд: 2600

ҲАМКОРИҲО