КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСА ҲАЙДАРЗОДА МЕҲРОБИ ИСЛОМ БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2022

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

ҲАЙДАРЗОДА МЕҲРОБИ ИСЛОМ

БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2022

Соли нав омад, бар кишвари мо,

Соли накуфол, бахтофари мо

Соли нав омад, соли Зафарҳо,

Соли шукуфтан, соли самарҳо.

ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

Дар ин лаҳзаҳои хушу гуворои идона ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022-юм, ки ба 30-Солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, умри пурбаракати ҷамшедӣ, рузгори пурнуру сафои хуршедӣ ва коми ширину шаҳдомезро таманно менамоям. Орзуи онро дорам, ки нахли боровари умри гаронмояатон дар равзаи сабзи зиндагӣ ҳамеша пурбарору пур аз файзу самар бошад. Бигузор дар соли нав хуршеди бахту иқболатон ҳамеша шуълаафшонӣ кунад. Ба хонадони ҳар як фарди Ватани азизамон сулҳу сафо, файзу баракат ва бахту иқболи баланд биёрад.

Соли Наватон муборак бод!

Сана: 2021-12-31     Хонданд: 2742

ҲАМКОРИҲО