КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ

ДАР САНАИ 10 ДЕКАБРИ СОЛИ 2021 ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА «30 –СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ДАР МАВЗӮИ «РУШДИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО» БАРГУЗОР ГАРДИД.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии роҳбари муассиса номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом оғоз гардид. Сарааввал устод меҳмонон ва ҳозирини гиромиро барои қадам ранҷа намуданашон изҳори минатдорӣ намуданд. Инчунин, иштироккунандагони конференсияро ба аҳли толор шинос намуданд. Сатторов Абдукарим Ҷаборович - докторанти PHD – и кафедраи «Кибернетика ва иқтисоди рақамӣ»-и Донишгоњи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Таҳлили омории иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Холов Рустам Шермаҳмадович - н.и.и., дотсенти кафедраи «Омор»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи “Таҳқиқоти иқтисодӣ –омории сатҳи монетизатсияи иқтисодӣ миллӣ”, Одинаев Меҳрубон Абдураҳмонович - н.и.и., дотсенти кафедраи “Омор”- и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Таҳлили омории нишондиҳандаҳои рушди сайёҳӣ дар даврони истиқлолият” инчунин аз тарафи омузгорони муассиса баромад намуданд: Ализода Тоҳир., омӯзгори кафедраи «Омор ва ҳисобдорӣ» дар мавзӯи “Ислоҳи замин ва нақши он дар таъмини самараноки иқтисодиёти кишоварзӣ”, Сафаров Исматулло., омӯзгори калони кафедраи «Табиӣ - риёзӣ» дар мавзӯи “Тамоюли рушди иқтисодӣ дар 30-соли истиқлоли давлатӣ”, Олимзода Абдусаҳоб., омӯзгори кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар КАС», дар мавзӯи “Системаи чорводорӣ ҳамчун унсури муҳими фаъолияти соҳа”, Ҳасанов Кароматулло., омӯзгори кафедраи: “Молия, андоз ва кори бонкӣ” дар мавзӯи “Тартиби ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ ва пешрафти он дар замони муосир”, Иброҳимов Ҷамшед., омӯзгори кафедраи «Омор ва ҳисобдорӣ» дар мавзӯи “Таҳлили истифодабарии захираҳои модӣ-молӣ” ироа намуданд.

Конференсия дар як сатҳи баланд ва дар фазои илмӣ гузаронида шуд, музокира ва ба саволҳо илман асоснок ва бо далелу рақамҳои аниқ ҷавобҳо гардонида шуданд.

Сана: 2021-12-10     Хонданд: 2294

ҲАМКОРИҲО