КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Чорабини бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар санаи 23-юми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ, дар фазои тантанавӣ бо иштироки омӯзгорон ва доншҷӯён доир гардид.

Сараввал Зоиров Файзалӣ - муовини директор оид ба таълим чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.

Дар қисмати фарҳангӣ аз тарафи донишҷӯёни муассиса дар васфи парчами давлатӣ суруду таронаҳои рангоранг ва дилписанд сароида шуд, ки аҳли иштирокчиёнро болидахотир гардонид.

Инчунин, байни донишҷӯёни хобгоҳи муассисаи таълимӣ аз тарафи омӯзгорони кафедраи “Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт” семинар дар мавзӯи “Эҳтироми парчам – эҳтироми миллат аст” гузаронида шуд. Дар семинари мазкур муаллимаи кафедра Исмоилова Мадина дар мавзӯи “Парчам-рамзи муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзахони намуд.

Барои боз ҳам пурратар дарк намудани муҳтавои мавзӯи матраҳгардида аз тарафи донишҷӯён саволҳо дода шуда бо ҷавобҳои мушаххас қаноатманд гардиданд. Бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони қисми хоҷагӣ корҳои ободонӣ баҳри боз ҳам тозаю озода гаштани атрофи муассиса ба роҳ монда шуд.

Сана: 2021-11-24     Хонданд: 2416

ҲАМКОРИҲО