Ҳамдиёрони гиромӣ,
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст.
Парчами миллӣ ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар ватандор маъво гирифтааст.
Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошанд.
Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Парчами давлатӣ барои мо –тоҷикион нишонаи бақои миллат, ваҳдати ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.
Таҷлили ин санаи фархунда дар замири ҳар фарди ватандӯст эҳсоси дӯст доштани ин марзу бумро бамароти зиёд менамояд, зеро парчами давлатӣ рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва дар маҷмӯъ, ба тамоми арзишҳои ахлоқию маънавии кишвар мебошад.
Рӯзи парчами давлатиро ба тамоми ҳамватанони азиз табрику муборакбод гуфта, итминони комил дорам, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ва парчами давлати соҳибистиқлоламон дар замири ҳар шаҳрванди диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллиро дучанд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ раҳнамун месозад.