Дар санаи 15 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, дар толори маҷлисгоҳи муассиса, бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорон ҷамъомад баргузор гардид. Сараввал роҳбари муассиса, н.и.и. Ҳайдарзода М.И. ҳозиринро бо Рӯзи Президент табрик гуфта, дар бораи нақши Президент дар таҳкими мавқеи ҷавонон сухан ронданд. Ҳамзамон, аз тарафи донишҷӯён дар васфи Президент шеърҳо қироат карда шуд.
Инчунин дар асоси мактуби ирсолгардидаи Бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ки дар “Кохи маърифат”-и шаҳр чорабинӣ баргузор гардид ва дар ин чорабинӣ кормандон ва донишҷӯён иштироки фаъолона доштанд. Дар ин чорабинӣ роҳбари муассиса н.и.и. Ҳайдарзода Меҳроби Ислом дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар рушди давлатдории миллӣ” маърӯза ироа намуда, ҳамагонро ба Рӯзи Президент табрику таҳният намуда,дар корҳояшон бурдбориҳо орзу намуд.
Бахшидаба Рӯзи Президент аз ҷониби бахши варзишии муассиса, байни донишҷӯён мусобиқаи варзишӣ (аз намуди волейбол), роҳандозӣ гардида, ғолибони мусобиқа аз тарафи муассиса қадрдонӣ карда шуданд.