КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ҲАЙДАРЗОДА МЕҲРОБИ ИСЛОМ БА МУНОСИБАТИ 27-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ҲАЙДАРЗОДА МЕҲРОБИ ИСЛОМ

БА МУНОСИБАТИ 27-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз, омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромиқадр! Дар таърихи навини давлатдории мустақили тоҷикон ҳар сол 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи қабули санади сарнавиштсози давлату миллат – Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Ин вижагиҳои азалии миллати тоҷикро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳмчун роҳбаре, ки тамоми ҳастиашро барои халқаш бахшидааст, бараъло эҳсос намуда, андешаи худро дар ин маврид чунин баён намудааст: “Бо қабули Кониститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳамулшуда наметавонад сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд”.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатро кафили таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар эълон намуда, дар айни замон, ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули бонизоми давлати навини тоҷикон, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро аз ҷумлаи мақсадҳои асосии конститутсионӣ эътироф кардааст.

Моҳият ва аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти он ки бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидааст, хусусияти миллӣ дорад ва дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтаанд.

Қобили зикр аст, ки бо қабул гардидани Конститутсия халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид ва дар кишвари мо кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар карда шуд. Тавассути ин дастоварди олӣ миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи дастовардҳо кӯшиш менамояд ва рушди давлати миллии хешро ҳадафи асосӣ қарор дода, барои тақвияти он аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода мебарад.

Арзиши волои Конститутсия боз дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун нерӯи тавонои ҳуқуқӣ консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро мустаҳкам намуда, уҳдадориҳои давлатро оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар кардааст. Шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва торафт зиёд гардидани хатарҳои терроризму экстремизм тақозо мекунад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда саъю талош намояд. Мо бояд амиқан дарк намоем, ки Конститутсия ва дар маҷмӯъ ҳама қонунҳо кафили сулҳу субот, воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ мебошанд.

Дар ин ҷода ба ҳар яки шумо, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандорӣ ва рӯҳу илҳоми тоза орзу намуда, Рӯзи Конститутсияи кишвари азизамонро бароятон табрик ва муборакбод мегӯям.

Сана: 2021-11-05     Хонданд: 2144

ҲАМКОРИҲО