«Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад». Эмомалӣ Раҳмон
Мутобиқи нақша – чорабиниҳое, ки аз тарафи муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат роҳандозӣ гардидааст, санаи 3-юми ноябри соли равон, омӯзгорони фанни ҳуқуқ Назридинова Фазилат ва Ҳайдарзода Амонулло байни донишҷӯён маҳфили “Ҳуқуқдони беҳтарин” - ро баргузор намуданд, ки дар он омӯзгорон ва доншҷӯён иштирок намуданд. Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯён байни якдигар саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас гирифта шуд. Фаъолнокии донишҷӯён аз тарафи ҳакамон баҳогузорӣ карда шуда, ба онҳо аз тарафи маъмурияти муассиса ифтихорномаҳо тақдим гардид.
Ҳамзамон, санаи 04.11.2021 бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат аз тарафи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур, Муовини раиси КИ ҲХДТ муҳтарам Табаров Маъруфҷон ва Раиси бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат Шарофиддинова Шаҳноза иштирок намуданд. Конференсияро Роҳбари муассиса муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом оғоз намуда, ҳамагонро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти ҳамаррӯзаашон муваффақиятҳо таманно намуданд.
Бояд зикр намуд, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони қисми хоҷагӣ баҳри сарсабзу хуррам гардонидан атрофи муассисаи таълимӣ гулҳои ороишии мавсимӣ шинониданд.