КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Конференсияи илмӣ – назариявӣ

Конференсияи илмӣ – назариявӣ

Дар санаи 22 октябри соли 2021 дар муассисаи давлатии таълимии коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат аз тарафи кафедраи «Омор ва ҳисобдорӣ» Конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии омор баргузор гардид. Дар он Одинаев Меҳрубон Абдураҳмонович, н.и.и.,дотсенти кафедраи омори ДМТ дар мавзўи «Таҳлили омории нишондиҳандаҳои никоҳи хешу таборӣ ва ҷанбаъҳои манфии он дар ҶТ», Убайдуллоева Фируза Авсаторовна, омўзгори калони кафедраи омор ва ҳисобдорӣ дар мавзўи «Муаммоҳои камбизоатӣ ва роҳҳои бартараф намудани он», Мирзоев Саъдӣ Исломович, ассистенти кафедраи мазкур дар мавзўи «Барўйхатгирии аҳолӣ ва моҳияти он» тадқиқотҳои гузаронидаи худро ироа намуданд.

Дар ин робита як қатор меҳмонон, аз қабили сармутахассиси САҲШ-и шаҳри Ваҳдат Набиева Зулайхо Тиллоевна, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Асрориддинзода Қиёмиддин Баҳриддин ва мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТдар шаҳри Ваҳдат Иброҳимова Шодигул низ иштирок ва суханронӣ намуданд. Конференсия дар як сатҳи баланд ва дар фазои илмӣ гузаронида шуд, музокира ва ба саволҳо илман асоснок ва бо далелу рақамҳои мушаххас ҷавобҳо гардонида шуданд.

Сана: 2021-10-22     Хонданд: 2400

ҲАМКОРИҲО