Мувофиқи қарори Совети Вазирони СССР аз 22 августи соли 1973, № 590 Совети Вазирони РСС Точикистон қарор мекунад:
Аз 15 сентябри соли 1973 дар ш. Душанбе Институти давлатии санъати Тоҷикистони Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон дар заминаи факултетҳои санъат ва корҳои маданию равшаннамоии Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко ташкил карда шавад.
2.Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон факултетҳои санъат ва корҳои маданию равшаннамоии Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко ба ихтиёри Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон диҳад.
Факултетҳои санъат ва корҳои маданию равшаннамоӣ ба ихтиёри Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон аз руи вазъият то 1 октябри соли 1973 татбикан ба тартибе, ки бо қарори Совети Вазирони СССР аз 12 октябри соли 1965, N° 755 муқаррар карда шудааст, дода шавад.
3.Вазорати маорифи халки РСС Тоҷикистон барои муваққатан ҷойгир кунондани Институти давлатии санъати Тоҷикистон бинои нави мактаб- интернати республикавии миёнаи махсуси мусиқавиро ба ихтиёри Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон диҳад.
4.Вазорати маданияти РСС Точикистон бо розигии Вазорати молияи РСС Тоҷикистон ва Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон дар мўҳлати як ҳафта структура ва штатҳои Институти давлатии санъати Тоҷикистонро дида баромада тасдиқ кунад.
Вазорати молияи РСС Тоҷикистон дар мўҳлати
10 рўз ба Совети Вазирони РСС Тоҷикистон дар бобати ба Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон зиёд намудани пулҷудокуниҳои ҳадди охирин барои таъминоти аппарати идоракунӣ ва манбаъҳои пур кардани хароҷот барои таъминоти Институти давлатии санъати Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод кунад.
5.Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон. Институти давлатии санъати Тоҷикистонро бо кадрҳои ихтисосноки роҳбарикунанда ва педагогӣ комплектонад.