КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Бахшида ба ҷашни Иди омӯзгорон ва рӯзи Забони давлатӣ

Дар санаи 05.10.2021 дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бахшида ба ҷашни Иди омӯзгорон ва рӯзи Забони давлатӣ чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд. Сараввал директори муассиса муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом тамоми омӯзгоронро ба ҷашни фархунда табрик намуда, дар фаъолияти кориашон муваффақиятҳо таманно намуданд.

Инчунин дар ҷараёни чорабинӣ ғолибони мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол ва шоҳмотбозӣ бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Муаллима Файзуллоева Гулдаста ва донишҷӯ Давлатшоева Адиба, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни Забони тоҷикӣ ҷойи 2-юмро ишғол намуда буд, бо туҳфаҳои молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Сана: 2021-10-06     Хонданд: 1679

ҲАМКОРИҲО